“Барқи тоҷик” қарзҳояшро аз андоз пурра пардохтааст

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки солҳои пешин қарзи ширкат аз андоз то ба 300 млн сомонӣ мерасид. “Аммо ширкат бо дастгирии ҳукумат ин қарзҳоро кам карда тавонист”, – қайд кард ӯ. Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта “Барқи тоҷик” ба маблағи 453,4 млн сомонӣ андоз пардохтааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки солҳои пешин қарзи ширкат аз андоз то ба 300 млн сомонӣ мерасид.

“Аммо ширкат бо дастгирии ҳукумат ин қарзҳоро кам карда тавонист”, – қайд кард ӯ.

Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта “Барқи тоҷик” ба маблағи 453,4 млн сомонӣ андоз пардохтааст, ки ин аз ҳаҷми андозҳои ҷорӣ қариб 60 млн сомонӣ бештар мебошад.

“Дар натиҷа ширкат пардохти ҳамаи андозҳои ҷорӣ ва бақияҳо (маблағи пурра пардохтнашудаи андоз – шарҳи идора)-ро таъмин намуда, ба ин васила қарзҳо аз андозро бартараф кард”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси ширкат, ин ҷо сари кадом як ҳисоббаробарие сухан намеравад, балки ҳамаи пардохт тариқи маблағи нақдии ширкат сурат гирифтааст.

Исмоилзода зикр кард, ки пардохти чунин маблағи зиёд ба туфайли ҷамъоварии хубтари пули истифодаи барқ аз истеъмолгарон муяссар шуд: нисбат ба соли 2018 дар соли 2019 қариб 1,5 млрд сомонӣ зиёдтар маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз ин, ширкати “Барқи тоҷик” бузургтарин корхонаи қарздори кишвар боқӣ мемонад.

Ҳаҷми қарзи “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1 январи соли равон 26 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки 21 млрд сомонии он ба лоиҳаҳои сармоягузории амалишуда дар соҳаи электроэнергетика (25 лоиҳа аллакай амалӣ гардида, боз 13-то дар марҳилаи татбиқ қарор доранд) рост меояд.

Боқимонда 5 млрд сомонӣ қарзҳо аз ду нерӯгоҳи барқии обии “Сангтӯда”, инчунин “Ориёнбонк” барои харидани мазут ва ғайра мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.