Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсаронро бо идашон табрик кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, ки имрӯз дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ дар Душанбе доир гардид, сарбозону афсаронро бо идашон таҳният гуфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни баёни паёми шодбошӣ назди иштирокчиёни гузашт президент изҳор дошт: “Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати таҷлил аз 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, ки имрӯз дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ дар Душанбе доир гардид, сарбозону афсаронро бо идашон таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни баёни паёми шодбошӣ назди иштирокчиёни гузашт президент изҳор дошт: “Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад”.

“Бисту ҳафт сол қабл – замоне, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои аввалини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд, – изҳор дошт ӯ. – Яъне давраи таъсиси Артиши миллӣ марҳалаи ниҳоят мураккабу вазнини давлатдории навини миллиамон буд. Бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он рӯзҳо, ҳукумат тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохт. Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони бонангу номус ва содиқу сарсупурдаи мо ҷони худро нисор карданд, ки хотираи неки онҳо дар қалби мардуми Тоҷикистон ҳамеша зинда хоҳад монд”.

Зикр шуд, ки минбаъд дар сохтори Қувваҳои мусаллаҳи кишвар марҳала ба марҳала Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ва Қӯшунҳои зудамалро таъсис ёфта, ташкили Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ шурӯъ шуд.

Дар паёми шодбошиии худ сарвари давлат таъкид дошт, ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба амал омада, боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ ва бехонумон мондани миллионҳо нафари дигар дар баъзе кишварҳои сайёра шуда истодаанд, моро водор месозанд, барои тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ба хусусияти таҳдиду хатарҳои муосир мутобиқ гардонидани қудрати мудофиавии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва такмили сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии он минбаъд низ тадбирҳои зарурии иловагӣ андешем.

“Дар чунин шароит тамоми хизматчиёнии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан сафарбар созанд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.