Мақоми начандон баланди Тоҷикистон дар рейтинги амнияти сайёҳон

Тоҷикистон дар раддабандии амнияти кишварҳо барои сайёҳон мақоми 93-юмро ишғол кард. Рейтинг аз ҷониби таҳлилгарони сомонаи фаронсавии баҳодиҳӣ ба суғуртаи сайёҳони Insurly таҳия шудааст. Дар рейтинг маълумот дар бораи шумор ва такрори офатҳои табиӣ, сифати низоми тандурустӣ, сатҳи ҷиноятҳои зӯроварона ва таҳдидҳои террористӣ ба инобат гирифта шудааст. Мувофиқи ин усул, аз 100 холи имкопазир Тоҷикистон […]

Тоҷикистон дар раддабандии амнияти кишварҳо барои сайёҳон мақоми 93-юмро ишғол кард. Рейтинг аз ҷониби таҳлилгарони сомонаи фаронсавии баҳодиҳӣ ба суғуртаи сайёҳони Insurly таҳия шудааст.

Дар рейтинг маълумот дар бораи шумор ва такрори офатҳои табиӣ, сифати низоми тандурустӣ, сатҳи ҷиноятҳои зӯроварона ва таҳдидҳои террористӣ ба инобат гирифта шудааст.

Мувофиқи ин усул, аз 100 холи имкопазир Тоҷикистон 53 хол гирифт. Соҳаи тандурустии кишвар 60 хол, хатари дучоршавӣ ба амали зӯроварона – 59 хол, хавфҳои офатҳои табиӣ – 43 хол ва хатарҳои истифода аз нақлиёт – 40 хол баҳогузорӣ шудааст.

Рейтинг маълумот дар бораи 180 кишварро дар бар мегирад. Дар се зинаи аввал Швейтсцария – 93,4 хол,  Сингапур – 92,7 ва Норвегия – 91,1 ва дар се зинаи охир – Ҷумҳурии Африқои Марказӣ – 19,7 хол, Ҷумҳурии Демократии Конго – 15,4 ва Судони Ҷанубӣ – 14,8 хол ҷойгир шудаанд.

Байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Эстония (зинаи 15-ум) рейтинги баландтар дорад. Дар идома Литва (43), Латвия (45), Ӯзбекистон (46), Беларус (48), Озарбойҷон (52), Туркманистон (60), Молдова (66), Гурҷистон (68), Қазоқистон (71), Арманистон (72), Украина (83), Русия (86) ва Қирғизистон (106) қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.