Тоҷикистон аз ҳамсоякишварҳо барои об ҷуброн мехоҳад

Тоҷикистон умедвор аст, ҷуброни захираҳои оби дар кишвар ташаккулёфта, ки ҳамсоякишварҳо истифода мекунанд, барқарор мешавад. “Дар даврони шӯравӣ мо бар ивази об аз ҳамсоякишварҳо газ, бензин ва дигар мавод мегирифтем, – гуфт муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни ҷаласаи ахири палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ. – Мутаассифона, ҳоло чунин механизм вуҷуд надорад”. Муовини […]

Тоҷикистон умедвор аст, ҷуброни захираҳои оби дар кишвар ташаккулёфта, ки ҳамсоякишварҳо истифода мекунанд, барқарор мешавад.

“Дар даврони шӯравӣ мо бар ивази об аз ҳамсоякишварҳо газ, бензин ва дигар мавод мегирифтем, – гуфт муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни ҷаласаи ахири палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ. – Мутаассифона, ҳоло чунин механизм вуҷуд надорад”.

Муовини вазир изҳори умедворӣ кард, ки “бо беҳтар шудани робитаҳои неки ҳамсоягӣ дар ин самт пешравиҳо ба даст меоянд”.

Беш аз 60%-и захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 64 млрд метри мукааб об ташаккул меёбад. Ҷумҳурӣ аз ин ҳаҷм дар амал ҳамагӣ то 17%-ашро истифода мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ҳамасола миллиардҳо метри мукааб обро аз меъёри муқарраршуда аз ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзии Омударё ва Сирдарё намегирад.

“Комиссияи ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ меъёри Тоҷикистонро дар соли 2019 дар ҳаҷми 12,7 млрд метри мукааб муайян кард”, – иттилоъ медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ.

Аммо, қайд мекунанд дар Вазорат, кишвар ҳамагӣ 10,7 млрд метри мукааб (8,6 млрд – Омударё ва 2,1 млрд – Сирдарё ва Зарафшон) об гирифт, ки аз меъёри муқарраршуда 1,97 млрд метри мукааб камтар аст.

Собиқ муовини сарвазири Қирғизистон Темур Сариев қаблан зимни суханронӣ дар Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об дар Душанбе изҳор дошт, кишвари ӯ ва Тоҷикистон бар зиёни худ барои захираҳои об, ки ба кишварҳои поёноб медиҳанд, ҷуброн намегиранд.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо дастури Маскав ҳиссаи зиёди захираҳои обиро Қазоқистону Ӯзбекистон ва Туркманистон мегирифтанд, зеро қаламрави калони  даштӣ дошта, зироатҳои сероб (пахта, шолӣ ва ғайра) парвариш мекарданд. Тоҷикистону Қирғизистон, ки 80%-и захираҳои оби минтақа аз ин кишварҳо сарчашма мегирад, бар ивази он ҷуброну кумакҳо мегирифтанд.

Вазъи тақсимоти об то ҳол бетағйир боқӣ мондааст, ҳарчанд кишварҳои болооб аз давлатҳои поёноб акнун ҷуброне намегиранд.

Тибқи маълумоти ахир, захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ (Омударё ва Сирдарё) байни кишварҳои минтақа тариқи зайл тақсим шудаанд:

маҷрои Сирдарё: Ӯзбекистон – 50,5%, Қазоқистон – 42%, Тоҷикистон – 7% ва Қирғизистон – 0,5%;

маҷрои Омударё: Ӯзбекистон – 42,2%, Туркманистон – 42,3%, Тоҷикистон – 15,2% ва Қирғизистон – 0,3%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.