Консерти Нигина Амонқулова дар Исроил бо сабаби коронавирус баргузор намешавад

Консерти овозхони маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова дар Исроил, ки бояд рӯзҳои 11-12 март баргузор мегардид, бекор шуд. “Вазорати тандурустии Исроил баргузории ҳамаи чорабиниҳои оммавӣ ва сериздиҳом, аз ҷумла, консерти моро бо сабаби хатари паҳншавии коронавирус бекор кард”,  – хабар дод ба “Азия-Плюс” продюсер Элӣ Яъқубов, ташкилкунандаи ин консерт. Вай афзуд, ин аввалин консерте мебошад, ки ӯ […]

Консерти овозхони маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова дар Исроил, ки бояд рӯзҳои 11-12 март баргузор мегардид, бекор шуд.

“Вазорати тандурустии Исроил баргузории ҳамаи чорабиниҳои оммавӣ ва сериздиҳом, аз ҷумла, консерти моро бо сабаби хатари паҳншавии коронавирус бекор кард”,  – хабар дод ба “Азия-Плюс” продюсер Элӣ Яъқубов, ташкилкунандаи ин консерт.

Вай афзуд, ин аввалин консерте мебошад, ки ӯ мехост бо иштироки ситораи эстрадаи Тоҷикистон барпо кунад.

“Ин ҷо маро ҳама мешиносад. Бо иштироки овозхонҳои маъруфи Ӯзбекистон бисёр консертҳо гузаронидам. Ин аввалин чорабиние буд, ки бо овозхони шинохта аз Тоҷикистон гузаронданӣ будам”, – гуфт ӯ.

Яъқубов таъкид дошт, ки консерт бо иштироки Нигина Амонқулова дар Исроил ҳатман баргузор мешавад, лекин замони баргузории он ҳоло дақиқан маълум нест.

“90%-и билетҳо фурӯхта шудааст. Толорҳое, ки мо дар онҳо консерт барпо карданӣ будем, начандон бузург буда, 600-700 ҷойи нишаст доранд. Дирӯз бо Нигина суҳбат кардем, ки баъд аз муътадил шудани вазъ консертро баргузор мекунем. Одамон занг зада, мегӯянд, ки пулҳояшонро баргардонем. Лекин мо онҳоро ором сохта, мефаҳмонем, ки консерт ҳатман баргузор мешавад ва билетҳояшонро бо худ нигоҳ доранд”, – иброз дошт Яъқубов.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Исроил, дар ин кишвар 50 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Зимнан барои ҳамаи касоне, ки аз хориҷа меоянд, карантин ҷорӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.