Дар Алмаато ва Нурсултон пурра карантин ҷорӣ мешавад

Мақомоти шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба ҳамаи хоҳишмандон 72 соат муҳлат доданд, ки шаҳрро тарк кунанд ё аз берун ба он баргарданд. Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, муовини ҳокими шаҳри Алмаато Ерлан Кожагапанов гуфтааст, сар аз соати 00:00 дақиқаи рӯзи 22 март Алмаато равуои ҳавоӣ ва роҳи оҳанро комилан қатъ мекунад, Гуфта мешавад, айни […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба ҳамаи хоҳишмандон 72 соат муҳлат доданд, ки шаҳрро тарк кунанд ё аз берун ба он баргарданд.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, муовини ҳокими шаҳри Алмаато Ерлан Кожагапанов гуфтааст, сар аз соати 00:00 дақиқаи рӯзи 22 март Алмаато равуои ҳавоӣ ва роҳи оҳанро комилан қатъ мекунад,

Гуфта мешавад, айни ҳол маҳдудшавии парвозҳои байналхалқӣ дар назар нест. "Аммо дар оянда парвозҳои байналхалқиро ҳам маҳдуд мекунем. Бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ гуфтугӯ идома дорад", – гуфтааст Кожагапанов.

Зикр мегардад, ки дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултони Қазоқистон аз имшаб карантин ҷорӣ шуд. Гардиши нақлиёт ва одамон дар дохили шаҳр маҳдуд намешавад. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар гардиш аст. Аммо фаъолияти марказҳои тиҷориву дилхушӣ, бозорҳои масолеҳи сохтмониву молу матоъ қатъ мешавад. Нуқтаҳои ғизои умумӣ ва тарабхонаҳо метавонанд, ғизоро ба манзили сокинон расонанд.

Мақомоти Алмаато ба сокинон тавсия доданд, ки "аз манзил берун нараванд". Бино ба иттилои охир, дар Қазоқистон 36 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона – 18 ҳолат дар Алмато ва 18 ҳолат дар Нурсултон сабт шудааст.

Мақомоти Қазоқистон аз 16 март то 15 апрел, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона, дар саросари кишвар ҳолати изтирорӣ эълом карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.