Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе ниқоби тиббӣ пӯшиданд

Пас аз паҳншавии коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятии Душанбе тавсия шудааст, дар вақти корӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд. Сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҷумъахон Давлатов ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки чунин тасмим бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат ба паҳншавии коронавирус гирифта шудааст. “Ронандагон дар вақти корӣ бо мусофирони зиёд суҳбат мекунанд. Мумкин дар байни […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Пас аз паҳншавии коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятии Душанбе тавсия шудааст, дар вақти корӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд.

Сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҷумъахон Давлатов ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки чунин тасмим бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат ба паҳншавии коронавирус гирифта шудааст.

“Ронандагон дар вақти корӣ бо мусофирони зиёд суҳбат мекунанд. Мумкин дар байни онҳо шахсоне пайдо шаванд, ки бемории зуком ё дигар намуди беморӣ дошта бошанд”, – иброз дошт Давлатов.

Инчунин сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон” гуфт: “Ҳар субҳ пеш аз оғози кор тамоми нақлиёти ҷамъиятии пойтахт бо маҳлули хлор тоза карда мешавад”.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, то 30-юми марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.