Раиси ҷамоат дар вилояти Хатлон барои гирифтани пора дастгир шуд

Раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон барои гирифтани пора боздошт шудааст. Самадзода Муҳиддин Абдусаттор дар вазифаи раиси ҷамоати ноҳия мазкур ҳамчун шахси мансабдор тахминан моҳи ноябри соли 2019 аз шаҳрванд “А” барои мусоидат ба манзур кардани пешниҳод ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ниҳияи Ҷ.Балхӣ ҷиҳати вобаста намудани 4,10 гектар қитъаи замин […]

Раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон барои гирифтани пора боздошт шудааст.

Самадзода Муҳиддин Абдусаттор дар вазифаи раиси ҷамоати ноҳия мазкур ҳамчун шахси мансабдор тахминан моҳи ноябри соли 2019 аз шаҳрванд “А” барои мусоидат ба манзур кардани пешниҳод ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ниҳияи Ҷ.Балхӣ ҷиҳати вобаста намудани 4,10 гектар қитъаи замин маблағи 1200 сомонӣ пешакӣ гирифта, боз оварда додани маблағи 4000 сомониро талаб кардааст.

Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ 27-уми январи соли равон Самадзода М.А. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуданд.

Нисбат ба Самадзода М.А. бо моддаи 319 қисми 3-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.