Истеҳсоли маводи антисептикӣ дар корхонаҳои саноати хӯроквории Тоҷикистон

Як қатор корхонаҳои саноати хӯроквории Тоҷикистон барои татбиқи чораҳо дар самти пешгирии сироятии коронавирус ба истеҳсоли маводи антисептикӣ оғоз карданд. “Бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ аз ҷониби корхонаҳои саноати хӯроквории кишвар, аз қабили ҶДММ “ММК”-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ “Сахо ва К”-и шаҳри Гулистон ва ҶСК “ММД”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва дигарон истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба […]

Як қатор корхонаҳои саноати хӯроквории Тоҷикистон барои татбиқи чораҳо дар самти пешгирии сироятии коронавирус ба истеҳсоли маводи антисептикӣ оғоз карданд.

“Бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ аз ҷониби корхонаҳои саноати хӯроквории кишвар, аз қабили ҶДММ “ММК”-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ “Сахо ва К”-и шаҳри Гулистон ва ҶСК “ММД”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва дигарон истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монда шудааст”, – иттилоъ медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Ҳамзамон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар ҳамкориҳо роҳандозӣ шудааст.

Дар дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ситоди дохилидоравии зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус “COVID-19” ташкил карда шуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия гардидааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то 6-уми апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз 1-уми феврал то 6-уми апрел 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 4291 кас ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.