Самбочиёни беҳтарини Тоҷикистон муайян шуданд

Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон рӯзҳои 11-12  апрел дар толори Маркази омодагии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар 5 вазн варзишгарони дастаи дуюми пойтахт, дар 2 вазн намояндагони вилояти Суғд, дар яквазнӣ варзишгарони Хатлон-2 ва ВМКБ ғолиб омаданд. Тибқи иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур 165 нафар варзишгарон дар ҳайати […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон рӯзҳои 11-12  апрел дар толори Маркази омодагии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар 5 вазн варзишгарони дастаи дуюми пойтахт, дар 2 вазн намояндагони вилояти Суғд, дар яквазнӣ варзишгарони Хатлон-2 ва ВМКБ ғолиб омаданд.

Тибқи иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур 165 нафар варзишгарон дар ҳайати 7 даста – дудастаӣ аз Душанбеву Хатлон, дастаҳои Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок карданд. Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байнулмилалии самбо аз рӯйи 9 категорияи вазнӣ ҷараён гирифтанд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон-2020

Вазни -52кг

1. Сомон Сангов (Душанбе-2)

2. Талабшо Мунавваров (Душанбе-2)

3. Ҳукуматалӣ Сафарбеков (Душанбе-2)

3. Эҳсомиддин Исматов (Душанбе-2)

Вазни -57кг

1. Акмалиддин Каримов (Душанбе-2)

2. Ҷомии Ҳасан (Душанбе-2)

3. Мақсуд Куканшоев (ВМКБ)

3. Аминҷон Холов (Хатлон-2)

Вазни -62кг

1. Сорбон Латифов (Хатлон-2)

2. Меҳрзод Суфиев (Суғд)

3. Худойбахш Сулаймонов (ВМКБ)

3. Боқӣ Валимуҳаммад (Суғд)

Вазни -68кг

1. Муҳаммадисо Раҷабов (Душанбе-2)

2. Сорбон Сулаймонов (Душанбе-1)

3. Фирӯз Муъминов (Душанбе-2)

3. Зафар Алиев (Душанбе-2)

Вазни -74кг

1. Деваштич Убайдӣ (Душанбе-2)

2. Сайриддин Шоев (ШНТМ)

3. Садам Каримов (Суғд)

3. Мирзоҷамил Рамазонов (Душанбе-2)

Вазни -82кг

1. Ҳамроз Раҷабов (Суғд)

2. Хисрав Аламов (ШНТМ)

3. Суруш Каримов (Суғд)

3. Ҳақназар Назаров (ШНТМ)

Вазни -90кг

1. Комроншоҳ Устопириён (Суғд)

2. Зафар Олимшоев (Душанбе-2)

3. Далер Бурунов (ВМКБ)

3. Комрон Карликов (Хатлон-1)

Вазни -100кг

1. Мақсад Бердиев (ВМКБ)

2. Довуд Фатҳуллозода (Душанбе-2)

3. Азимҷон Бегиҷонов (Душанбе-2)

3. Ҷамшед Наимов (Хатлон-1)

Вазни +100кг

1. Хуршед Маҷидов (Душанбе-2)

2. Одилҷон Сафаров (Душанбе-2)

3. Фарёд Шайхов (ВМКБ)

3. Диловари Сабриддин (Душанбе-2)

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.