Офат дар Хуросон: Ҳукумат ваъда мекунаду сокинон бовар ва мунтазиранд

Охири ҳафтаи гузашта сокинони ноҳияи Хуросон, ки аз офати табиӣ осеби зиёд диданд, як муддате роҳи мошингарди Бохтар – Душанберо бастанд. Ҳукумати маҳаллӣ бо сокинон созиш ҳосил карда, кумак ваъда кард ва роҳ кушода шуд. Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, сокинон роҳро барои он бастаанд, то ки ҳукумат […]

Охири ҳафтаи гузашта сокинони ноҳияи Хуросон, ки аз офати табиӣ осеби зиёд диданд, як муддате роҳи мошингарди Бохтар – Душанберо бастанд. Ҳукумати маҳаллӣ бо сокинон созиш ҳосил карда, кумак ваъда кард ва роҳ кушода шуд.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, сокинон роҳро барои он бастаанд, то ки ҳукумат ба онҳо кумак кунад.

Осеби 35 манзил

“Даҳҳо нафар сокинони ноҳия роҳро баста, аз мо талаб карданд, ки дар барқарор кардани хонаҳои осебдидаашон ёрӣ расонем. Роҳ ҳамагӣ муддати 15 дақиқа баста шуда, мо арзи сокинонро шунидем ва ваъда додем, ки мувофиқи имкон ҳамаҷониба кумак мекунем. Баъди ин онҳо пароканда шуда, роҳро боз карданд”, – гуфт Раҳматулло Сафарзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи офати табиӣ, зиёда аз 35 манзили сокинони маҳаллӣ осеби зиёд дидааст.

“Рӯзи душанбе намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ба маҳалли ҳодиса омада, айни замон дар ҳамонҷоянд. Мо ҳар як хонаеро, ки вақти офати табиӣ осеб дидааст, аз назар мегузаронем”, – иброз дошт раиси ноҳия.

Сафарзода қайд кард, ки барои иқомати муваққатии оилаҳои манзилҳояшон осебдида хаймаҳо гузошта шуда, фаъолони ноҳия ба онҳо ғизо меоранд ва кумак мерасонанд.

“Ҳамаи ҳуҷҷатҳо аллакай омода ва имзо шудаанд, мо ба онҳои қитъаҳои нави замин ҷудо мекунем”, – гуфт раиси ноҳия.

Бароталӣ, сокини ноҳияи Хуросон ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки рӯзи якшанбе кормандони милитсия ба маҳалли ҳодиса омадаанд: “Мо танҳо таваҷҷуҳи ҳукуматро ҷалб карданӣ хостем, то ки дар бартараф кардани оқибатҳои офат ёрӣ расонанд”.

“Баъди офати табии моҳи март низ кумак ваъда доданд, лекин на ҳамаи ваъдаашонро иҷро карданд. Ин дафъа умедворем, ки ба ваъдаҳои додаашон вафо мекунанд”, – изҳори умедворӣ кард сокини Хуросон.

Ду нафар ҳалок шуданд

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, фаромадани селу лоқйа дар Хуросон соати 17:00-и рӯзи 14 май оғоз гардида, тӯли 3 соат давом кардааст.

Бар асари он ду нафар ҳалок шуданд: сокини ҷамоати Гулистон, марди 65-сола, ки рӯйи теппа ҷараёни омадани селро дар телефонаш наворбардорӣ мекард, аз фурӯравии теппа зери 30 метр лойқа монд. Тавре КҲФ хабар медиҳад, ҷустуҷӯйи ҷасад ҳоло бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Ҳамчунин бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми омадани сел сокини деҳаи Пахтаобод, марди 55-сола низ ба ҳалокат расид.

Дар натиҷаи ин офати табиӣ даҳҳо манзили сокинон зери обу лойқа монд. Аз ҳама бештар ба деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Ҳалқаҷар зиён расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.