51 вагон масолеҳи сохтмон кумаки Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

Бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май тавассути қатораҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» кӯмаки дӯстонаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба зарардидагони офати табиӣ дар Ӯзбекистон интиқол дода шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, кӯмаки дӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон аз 51 қатораи боркаш иборат буда, асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу […]

Бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май тавассути қатораҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» кӯмаки дӯстонаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба зарардидагони офати табиӣ дар Ӯзбекистон интиқол дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, кӯмаки дӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон аз 51 қатораи боркаш иборат буда, асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу мех ва дигар лавозимоти заруриро дарбар мегирад.

Кумаки мазкур барои бартараф кардан оқибатҳои рахнашавии сарбанди обанбори Сардоб дар вилояти Сирдарё равона карда шуд.

Гуфта мешавад, кумаки дӯстонаро намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати вилояти Суғд ва КВД ҷумҳуриявии «Захираҳои моддии Суғд» ба роҳбарияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон тақдим карданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2 май боронҳои пуршиддат ба рахна шудани сарбанди обанбори Сардоб дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон боис гардида, даҳҳо манзил хароб шуданд. Наздики 90 ҳазор сокинони ноҳия ба макони бехавф кӯчонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.