Имконияти дар хона дастрас кардани кортҳои муштараки Tcell ва Dushanbe City

Ширкати Tcell дар ҳамҷоягӣ бо Dushanbe City кортҳои муштараки кобрендингиро ироа месозанд, ки онҳоро ба сурати онлайн дархост ва дастрас кардан дар хона имкон дорад. Бартарияти асосии корти мазкур ин интиқол ва дарёфти маблағ бидуни фоиз аз Федератсияи Русия аст! Кортҳои кобрендингии муштарак як қатор афзалиятҳои беназирро барои дорандагони корт фароҳам меоранд. Кортҳои кобрендигии мазкур […]

Ширкати Tcell дар ҳамҷоягӣ бо Dushanbe City кортҳои муштараки кобрендингиро ироа месозанд, ки онҳоро ба сурати онлайн дархост ва дастрас кардан дар хона имкон дорад. Бартарияти асосии корти мазкур ин интиқол ва дарёфти маблағ бидуни фоиз аз Федератсияи Русия аст! Кортҳои кобрендингии муштарак як қатор афзалиятҳои беназирро барои дорандагони корт фароҳам меоранд.

Кортҳои кобрендигии мазкур барои дорандагони он чанд афзалият ва бартариҳоро фароҳам меорад.

Ин кортҳо имконият медиҳанд, ки барои харид дар тамоми нуқтаҳои савдо бидуни фоиз ҳисобӣ намоед, аз ҳамаи бонкҳои Тоҷикистон ба кортҳои “Корти миллӣ” маблағ гузаронед, инчунин барои пардохти беш аз 170 намуди хизматрасонӣ, аз ҷумла роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ коромад мебошанд.

Кортҳои муштараки Tcell ва Dushanbe City-ро ҳамзамон мешавад бо ҳамёни мобилииТезСум барои пардохти ҳисобҳо, хизматрасониҳо ва гирифтану интиқоли маблағ пайваст кард. Бо ҳамёни шахсии TезСум дар реҷаи 24/7 аз корти худ дилхоҳ интиқоли ғайринақдиро анҷом диҳед ва беш аз 150 намуди хидматрасониву сервисро пардохт кунед: пардохтҳои коммуналӣ, интернети хонагӣ, барномаҳои телевизион, ҷаримаҳои ҳаракат дар роҳ, қарзҳои бонкӣ ва ғайра.

Фаъолгардонии корт фавран сурат мегирад, кортҳоро дар ҳама терминалҳои Express Pay пур карда метавонед ва аз ҳамаи банкоматҳо дар Тоҷикистон аз корт пул (маблағ) гирифтан имкон дорад.

Кортҳоро дар марказҳои хизматрасонии Tcell дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дарёфт кардан мумкин аст. Барои ин ба рақами 936010000 ё 926777070 (барои муштариёни вилояти Суғд) занг задан даркор аст. Реҷаи кории марказҳои мобилии хизматрасонӣ ва хати фаврии иртибот: аз соати 09:00 то 17:00, аз рӯзи душанбе то ҷумъа. Дар ҳоли ҳозир хизматрасонӣ оид ба расонидан дар Душанбе, Турсунзода, Рашт, Ваҳдат, Бохтар, Леваканд, Вахш, Кушониён, Хуросон, А.Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров, Истаравшан ва Исфара дастрас аст.

Тафсилоти бештар дар бораи афзалиятҳои Dushanbe City: http://dushanbecity.tj

___________________

 Tcell  – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.