Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори сироятёфтагон 210 нафар афзуд

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 21 май ба 2350 нафар расид. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 210 ҳолати нави бемории Covid-19 сабт шуд. Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус – covid.tj хабар медиҳад, шабонарӯзи гузашта боз 3 каси дигар аз ин беморӣ вафот карда, шумори умумии фавтидагон то ин дам ба […]

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 21 май ба 2350 нафар расид. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 210 ҳолати нави бемории Covid-19 сабт шуд.

Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус – covid.tj хабар медиҳад, шабонарӯзи гузашта боз 3 каси дигар аз ин беморӣ вафот карда, шумори умумии фавтидагон то ин дам ба 44 нафар расид.

Тибқи маълумоти ин портал, то имрӯз 1008 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Аз ҷумла, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, рӯзи 21 май аз беморхонаи шаҳрии №1 (1-ум Советский) 30 кас ба хонаҳояшон рухсатӣ шуданд. Гуфта мешавад, онҳо зери муоинаи табибон қарор гирифта, пас аз 14 рӯзи муолиҷа ҷавоб дода шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазир ва раиси ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус Қоҳир Расулзода дастур дод, ки мунтазам тариқи ВАО дар бораи пандемия дар кишвар маълумоти дурусту ҳақиқӣ дода шавад.

“Ҳамеша дар бораи теъдоди сирояти шаҳрвандон, шифоёфтагону фавтидагон хабар диҳед, пинҳон накунед – мардум бояд ҳақиқатро донад”, – қайд кард президент.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.