Кумаки навбатии башардӯстонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Бо супориши президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд. Кумаки вазнаш 24 тонна ин дафъа аз маводи тиббӣ, асосан антибиотикҳо иборат аст. “Кумаки аз ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе расида ба ихтиёри Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии пойтахт супурда шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри […]

Бо супориши президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд.

Кумаки вазнаш 24 тонна ин дафъа аз маводи тиббӣ, асосан антибиотикҳо иборат аст.

“Кумаки аз ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе расида ба ихтиёри Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии пойтахт супурда шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои марбутаи шаҳр дастур додааст, ки истифодаи маводи тиббии дастрасшуда мувофиқи таъинот ва бепул барои муолиҷаи сироятёфтагон аз коронавирус қатъиян назорат шавад.

Зимнан зикр шуд, ки ҳамаи маводи тиббии ба сифати кумак фиристодашуда дар корхонаи муштараки Ӯзбекистону Британия Кабир – КМ ҶДММ «Samarkand England Eco-Medical» истеҳсол шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 9 апрел Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 18 вагон бо маводи тиббӣ ва маҳсулоти ғизоӣ фиристод. Бо дастури президенти ҳамсоякишвар рӯзи 8 май гурӯҳи иборат аз 8 нафар табибони вирусшиноси Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада, инчунин бо ҳамин ҳавопаймо 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ фиристода шуд.

Рӯзи 9 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери тиббӣ барои дармонгоҳи сайёри муваққатӣ фиристода шуд, ки дар қаламрави варзишгоҳи “Бофанда” дар шаҳри Душанбе сохта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.