Дастури Эмомалӣ Раҳмон доир ба сохтмони беморхонаҳои сироятӣ дар саросари кишвар

То 1 сентябри соли 2021 дар маркази вилоятҳо ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Онҳо бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин мегарданд, гуфта мешавад дар яке аз бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри […]

То 1 сентябри соли 2021 дар маркази вилоятҳо ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Онҳо бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин мегарданд, гуфта мешавад дар яке аз бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли равон баён дошт.

Нақшаи мазкур 27 май аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мувофиқи он, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ бояд фаъолияташонро ҷиҳати пурра аз байн бурдани ин беморӣ, сари вақт бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли мушкилоти мавҷуда тақвият бахшанд ва аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида ба Сарвари давлат мунтазам ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ғайр аз ин, Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки то 15 июн ва минбаъд то ба эътидол омадани вазъи эпидемикӣ бо мақсади қабулу табобати беморон беморхонаҳои муваққатӣ ва катҳои иловагӣ дар беморхонаҳои мавҷуда омода намоянд.

Ба ин ниҳодҳо ҳамчунин дастур дода шудааст, ки фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро мунтазам зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ва онҳоро бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ таъмин намуда, сатҳи сифати хизматрасониро ба беморон боз ҳам беҳтар кунанд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бояд солҳои 2020-2021 лоиҳаи сохтмони маҷмааи беморхонаи сироятӣ дар пойтахт барои 1500 катро омода карда, аз моҳи сентябри соли 2020 корҳои сохтмонӣ барои 650 катро шурӯъ намоянд.

То 5 июн бо мақсади муайян кардани сабабу оқибатҳои бемории коронавирус бояд бо ҷалби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд ва барои амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад.

Гуфта мешавад, бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ то 10 июли соли равон ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегардад.

Инчунин мутобиқи ин санад, вазорату идораҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки то 1 август барномаи давлатии миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, махсусан мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизат бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав таҳия ва ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.