Шамоли шадид дар Душанбе дарахтро болои ду мошин афтонд

Шамоли шадид дар шаҳри Душанбе ба шикастану болои ду мошин афтодани як дарахти азим боис шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ, соати 02:30-и рӯзи 23 июн сокинони кӯчаи Бухорои пойтахт иттилоъ додаанд, ки дарахти азими сояафкан аз шамоли сахт шикаста, болои ду мошини тамғаи “Лексус” ва “Опел” афтодааст. Гуфта мешавад, дастаи махсуси […]

Шамоли шадид дар шаҳри Душанбе ба шикастану болои ду мошин афтодани як дарахти азим боис шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ, соати 02:30-и рӯзи 23 июн сокинони кӯчаи Бухорои пойтахт иттилоъ додаанд, ки дарахти азими сояафкан аз шамоли сахт шикаста, болои ду мошини тамғаи “Лексус” ва “Опел” афтодааст.

Гуфта мешавад, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ ва МГ-и пойтахт зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҳолати ба амаломадаро бартараф карданд.

Дар бораи ҳолати мошинҳо ва зиёни онҳо маълумот дода нашуда, акси онҳо низ оварда нашудааст.

КҲФ қайд мекунад, ки аз минтақаҳои кишвар доир ба дигар ҳодисаҳои зарар ва харобиҳо дар пайи шамоли шадид гузорише нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.