Манбаъ: “Дар Хатлон замони пандемия 10 кас аз коронавирус фавтиданд”

Дар вилояти Хатлон то имрӯз 10 нафар аз коронавирус фавтиданд. Дар беморхонаҳо 44 нафар беморон боқӣ мондаанд. Дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки “аз оғози паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 104 кас ба беморхонаҳои минтақа муроҷиат карда, дар 330 нафари онҳо коронавирус ошкор шуд”. “Аз ин шумор 10 нафар фавтиданд. […]

Дар вилояти Хатлон то имрӯз 10 нафар аз коронавирус фавтиданд. Дар беморхонаҳо 44 нафар беморон боқӣ мондаанд.

Дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки “аз оғози паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ 5 ҳазору 104 кас ба беморхонаҳои минтақа муроҷиат карда, дар 330 нафари онҳо коронавирус ошкор шуд”.

“Аз ин шумор 10 нафар фавтиданд. Айни замон теъдоди беморон кам шуда, дар як рӯз то 3 нафар ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд”, – гуфтанд дар Раёсат.

Ёдрас мекунем, ки тибқи омори расмӣ, аз оғози пандемия аз бемории коронавирус 52 нафар вафот карданд.

Ситоди ВМКБ қаблан хабар дода буд, ки то 9 июн дар ин минтақа аз коронавирус 22 нафар шахсони синни 55-сола ва боло аз он вафот карда, сатҳи фавт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,5%-ро ташкил додааст.

Дар бораи вазъи фавт аз коронавирус дар вилояти Суғд ба даст овардани маълумот алҳол муяссар нашуд. Дар муассисаҳои тиббӣ беморони коронавирус қариб боқӣ намондаанд.

Дар Вазорати тандурустиии кишвар хабар доданд, ки шумори беморони коронавирус дар муассисаҳои табобатии ҷумҳурӣ тайи моҳи ахир кам шуда, беморхонаҳо ба фаъолият бо реҷаи пешина оғоз мекунанд.

Ба иттилои раҳбарияти Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло), ин муассисаи тиббӣ аз 10 июн ба реҷаи муқаррарии фаъолият баргашт.

Сабабаш дар он аст, ки шумори муроҷиатҳо бо аломатҳои COVID-19 кам шуда, касоне, ки бистарӣ шуда буданд, шифо ёфтанд. Бо пешниҳоди вазорат, 5 нафар охирин беморони коронавирус аз ин муассиса ба Маркази саломатии ба номи Карим Аҳмадов (1-ум Советский) гузаронида шуданд.

Директори маҷмааи тиббии “Истиқлол” Хуршед Рустамзода ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик ин муассиса низ ба реҷаи пешинаи фаъолият бармегардад.

“Беморон дар ин ҷо хеле кам буда, дигар бо аломатҳои коронавирус қариб ки муроҷиат намекунанд. Ояндаи наздик охирин беморони аз коронавирус шифоёфтаро ҷавоб дода, пас аз пурра безараргардонӣ (дезинфексия)-и шуъбаҳо ба реҷаи пешинаи кор мегузарем”, – иброз дошт Рустамзода.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то шоми 27 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 5 ҳазору 849 нафар расид. Дар муқоиса бо рӯзи пешин шумори беморон 50 нафар зиёд шуд. Теъдоди фавтидагон тағйир наёфта, 52 нафар боқӣ монд. Шумори шифоёфтагон 4 ҳазору 448 (76%) нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.