Оғози имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аз 1 июл имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар оғоз гардид. Имтиҳонҳо дар 18 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва 49 марказҳои тестгирӣ гузаронида мешаванд. Имсол барои супурдани имтиҳонҳо дар Маркази миллии тетсӣ (ММТ) беш аз 108,8 ҳазор нафар доваталбон сабтином шудаанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ММТ хабар доданд, мувофиқи нақша, имрӯз 16 ҳазору 600 […]

Дар Тоҷикистон аз 1 июл имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар оғоз гардид. Имтиҳонҳо дар 18 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва 49 марказҳои тестгирӣ гузаронида мешаванд.

Имсол барои супурдани имтиҳонҳо дар Маркази миллии тетсӣ (ММТ) беш аз 108,8 ҳазор нафар доваталбон сабтином шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ММТ хабар доданд, мувофиқи нақша, имрӯз 16 ҳазору 600 нафар довталабон имтиҳон месупоранд.

“Қарор шуд, ки имтиҳонҳо аз рӯйи ҳамаи фанҳои кластерҳо дар як рӯз гузаронида шаванд. Яъне аз довталабон дар як рӯз якбора аз рӯйи чор фан имтиҳон гирифта мешавад. Қарори мазкур ҳанӯз охири соли гузашта қабул шуда, ба пандемияи коронавирус вобастагӣ надорад”, – гуфтанд дар Марказ.

Ба гуфтаи намояндаи МММТ, ҳамаи довталабон бояд қоидаҳои ҳатмии гигиенаи шахсиро риоя намуда, бо худ ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ дошта бошанд.

“Дар синфҳои имтиҳонгирӣ масофа риоя мешавад. Мисли пешин сари як миз танҳо як довталаб менишинад. Вақти тестгирӣ аз довталабон 220 дақиқа муқаррар шудааст”, – илова кард манбаъ.

Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ, ба ҷуз ҳайати шахсии асосии Марказ, барои ташкил, баргузорӣ ва идоракунии ҷараёни имтиҳонгирӣ бар асоси озмун беш аз 2350 нафар кормадони муваққатӣ ҷалб шудаанд, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ имзо шудааст.

Ҷиҳати пайгирӣ (мониторинг) ва кумаки амалӣ дар омодагии марказҳои имтиҳонгирӣ, инчунин қабули қарори дахлдор дар сурати пайдо шудани мушкилиҳо ҳамчунин 120 нафар ба сифати намояндагони ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонгирӣ сафарбар шудаанд.

Дар ММТ мегӯянд, ҳар кадоме аз марказҳои имтиҳонгирӣ вобаста ба шумори довталабон ва дигар шахсони дар маркази имтиҳонгирӣ ҳузурдошта бо оби нӯшокӣ (ба ҳар кас дар контейнери алоҳида) таъмин шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи ҷадвали муқарраршуда марҳилаи асосии имтиҳонгирӣ то 7 июл идома меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.