ВКХ: Тоҷикистониёни дар сарҳад дармонда имрӯз ба ватан оварда мешаванд

Имрӯз шаҳрвандони боқимонда (беш аз 650 нафар) аз гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оварда хоҳанд шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 1 июл 108 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Қазоқистон бо Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан […]

Имрӯз шаҳрвандони боқимонда (беш аз 650 нафар) аз гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оварда хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 1 июл 108 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Қазоқистон бо Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, қисми бештари мусофиронро занону кӯдакон ва пиронсолон ташкил доданд.

Қаблан ВКХ хабар дода буд, ки масъалаи транзити автобусҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳукумати Ӯзбекистон мувофиқа мешавад.

“Дар масъалаи иҷозаи убури транзитии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари пандемияи коронавирус аз Русия ва Қазоқистон ба ватан бармегарданд, ҳукумати Ӯзбекистон ба кишвари мо ҳамеша кумаку мусоидат мекунад. Умедворем, ки масъала роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”, – изҳор дошта буданд дар Вазорат.

Даҳ рӯз пеш бо мусоидати Созмони байнулмилалии муҳоҷират (IOM) садҳо нафар тоҷикистониён, ки дар ин гузаргоҳи марзӣ қарор доштанд, бо 14 автобус тариқи транзит аз қаламрави Ӯзбекистон ба вилояти Суғд оварда шуданд.

Ҳамаи ба ватан баргаштагон ба карантин гирифта мешаванд. Байни гурӯҳҳои пешини шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон баргардонида шуда буданд, дар беш аз 50 нафарашон бемории бе аломати COVID-19 ошкор шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.