Ҷавонписари 20-сола барои бадахлоқӣ 15 рӯз фарш мешӯяд

Бо қарори додгоҳ Сиёвуш Хумаров барои содир кардани кирдорҳои ғайриахлоқӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс шудааст. Тибқи итилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 14-уми июл дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳаракатҳои ғайриахлоқонаи як ҷавонписари тахминан 20-25 сола ба сӯйи роҳгузарон инъикос шудааст. Ин навор мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор […]

Бо қарори додгоҳ Сиёвуш Хумаров барои содир кардани кирдорҳои ғайриахлоқӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс шудааст.

Тибқи итилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 14-уми июл дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳаракатҳои ғайриахлоқонаи як ҷавонписари тахминан 20-25 сола ба сӯйи роҳгузарон инъикос шудааст. Ин навор мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, онҳо аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост карданд, ки нисбат ба ин ҷавони бадахлоқ чораҳои қонунӣ андешида шаванд.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, ҷавони бадахлоқи дар навор инъикосёфта ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд.

Дар натиҷа муайян гардид, ки ин нафар Хумаров Сиёвуш Акбаралиевич, соли тавалудаш 27.02.2000, зодаи шаҳри Турсунзода, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Сомон буда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯши ҳар гуна бозичаҳои кӯдаконаву пахтақанд машғул будааст.

Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда субҳи 14-уми июл, тахминан соати 5:40 дақиқа дар ҳолати мастӣ зимни қарордошт дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ баъд аз пешоб кардан ба сӯйи роҳгузарон ҳаракатҳои ғайриахлоқона кардааст. Ин кирдори ӯ тавассути камераҳои назоратии манзили истиқоматии шаҳрвандон ба навор гирифта шудааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрванд Сиёвуш Хумаров барои содир кардани кирдорҳои ғайриахлоқӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин ва ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.

Айни ҳол ҷиҳати муайянсозии ҳолатҳои дигари даст доштани боздоштшуда Сиёвуш Хумаров дар кирдорҳои бадахлоқона ва ҷиноятҳои ахлоқӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.