Дар Ванҷ ду ноболиғ ҳангоми шиноварӣ ғарқ шуданд

Сокинони ноҳияи Ванҷ ду наврасро, ки ҳангоми шиноварӣ ғарқ шуданд, наҷот доданд. Аммо як ноболиғ дар роҳ ба бемористон фавтида, дуюмӣ бистарӣ карда шуд. Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса 14-уми июл дар ҳавзе воқеъ дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳияи Ванҷ рух дод. Наврасони 12 асол, ки бе роҳбаладии калонсолон дар ҳавз машғули оббозӣ буданд, ногаҳон ғарқ […]

Сокинони ноҳияи Ванҷ ду наврасро, ки ҳангоми шиноварӣ ғарқ шуданд, наҷот доданд. Аммо як ноболиғ дар роҳ ба бемористон фавтида, дуюмӣ бистарӣ карда шуд.

Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса 14-уми июл дар ҳавзе воқеъ дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳияи Ванҷ рух дод. Наврасони 12 асол, ки бе роҳбаладии калонсолон дар ҳавз машғули оббозӣ буданд, ногаҳон ғарқ шуданд. Аҳолии деҳа сари вақт ба ёрӣ расида, ҳар дуро зинда аз об берун оварданд ва ба бемористони ноҳиявӣ интиқол доданд. Яке то расидан ба бемористон ҷон дода, дуюмӣ ҳоло муолиҷа мешавад.

Зарфи 6 моҳи сипаришуда дар Тоҷикистон 34 кас ҳангоми оббозӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ғарқ шуданд, ки 10 нафари онҳо аз 4 то 16 сол доштанд.

Кумита ҳамчунин хабар додааст, ки духтари 14-сола аз деҳаи Обшорони ноҳияи Ҳисор ҳангоми оташ гирондани балони гази табиӣ бадани худро сӯзондааст. Ин амал аз беэҳтиётӣ сар зада, ҷараёни ҳодиса маълум нест.

Ноболиғро фавран ба бемористон бурданд ва баъд аз муоина духтурон гуфтанд, ки то 55 дарсади баданаш сӯхтааст. Ҳоло ӯ дар беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарист.

Гуфта мешавад, ки ин чорумин ноболиғи ҷабрдида дар ду рӯз аст, ки бар асари беэҳтиётӣ ва беназоратии волидон талхии ҳаёт мечашад.

Ҳамчунин раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки як писари 17-сола аз деҳаи Пушти Қурғони Панҷакент рӯзи 13-уми июл дар мавзеъи Обисанг чорво мечаронд, вале баногаҳ бедарак шуд. Рӯзи 14-уми июл ҷасади ӯ пайдо гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Табибон баъд аз муоина маълум карданд, ки ин наврасро раъду барқ куштааст ва нишони ин ҳолат дар бадани ӯ аён буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз кулли волидон хоҳиш кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, корҳои хатарнокро ба ноболиғон насупоранд ва онҳоро нагузоранд, ки ба танҳоӣ кӯҳу дара ва ё оббозӣ раванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.