Чор нафар занони маҳкумшуда миёни ҳамлагарон ба “Ишқобод”

Миёни маҳкумшудагон дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии “Султонобод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи ноябри соли гузашта 4 нафар занон ва хизматчиёни ҳарбӣ ҳастанд. Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотии рӯзи 20 июл дар ин робита изҳор дошт, ки вобаста ба ин парванда дар умум 9 нафар ба […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Миёни маҳкумшудагон дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и қисми ҳарбии “Султонобод” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи ноябри соли гузашта 4 нафар занон ва хизматчиёни ҳарбӣ ҳастанд.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотии рӯзи 20 июл дар ин робита изҳор дошт, ки вобаста ба ин парванда дар умум 9 нафар ба муҳлатҳои аз 2 то 27 соли зиндон маҳкум шудаанд.

“Бо қарори Суди олӣ аз 20 апрел 4 хизматчиии ҳарбӣ, 4 нафар занон ва 1 мард ба иштирок дар ҳамла гунаҳкор эътироф гардида, ба муҳлатҳои аз 2 то 27 сол аз озодӣ маҳрум шуданд”, – гуфт Шоҳиён.

Дар ҳамин ҳол, ӯ дар бораи ба чӣ гунаҳкор дониста шудани хизматчиёни ҳарбӣ маълумот надода, танҳо қайд кард, ки баррасии парванда “махфӣ” сурат гирифта, ӯ ба ифшои дигар ҷузъиёти он ҳуқуқ надорад.

Ёдрас мекунем, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷум карданд. Дар ҷараёни ҳамла онҳо 5 автомати Калашниковро тасарруф намуданд. Мақомоти қудратӣ 15 нафар ҳамлагаронро кушта, 5 каси онҳо боздошт шуданд. Дар тирпарронии дуҷониба прапоршики Қӯшунҳои сарҳадӣ ва корманди ВКД Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамлагарон аъзои созмони террористии “Давлати исломӣ” мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.