Иди Қурбон дар Тоҷикистон 31 июл таҷлил мешавад

Дар бораи рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон пагоҳ, 22 июл расман хабар медиҳад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, Иди Қурбон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда фаро мерасад. Ин рӯз дар кишвар рӯзи истироҳат мешавад. “Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, рӯзи ҷашни Иди Қурбон имсол […]

Дар бораи рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон пагоҳ, 22 июл расман хабар медиҳад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, Иди Қурбон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда фаро мерасад. Ин рӯз дар кишвар рӯзи истироҳат мешавад.

“Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, рӯзи ҷашни Иди Қурбон имсол ба рӯзи ҷумъа, 31 июл рост меояд”, – иттилоъ доданд дар Марказ.

Бар асари пандемияи корнавирус имсол ба муносибати Иди Қурбон намози иди дастаҷамъона баргузор намешавад.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд, лекин имсол он муяясар нахоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки қаблан Арабистони Саудӣ баҳри пешгирии паҳншавии коронавирус адои маросими ҳаҷи фарзиро барои мусалмонони саросари дунё дар соли равон бекор кард.

Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҷашни Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.