Сохтмони мактаби №14 дар Душанбе охири сол ба итмом мерасад

Сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар назди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) моҳи декабри соли 2020 ба охир мерасад. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар", ректори донишгоҳи мазкур Тоҳир Хоҷазода зимни нишасти матбуотии рӯзи 20 июл дар ин робита изҳор доштааст, ки мактаби нав барои таҳсили 1200 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, бо тамоми таҷҳизоту […]

Сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар назди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) моҳи декабри соли 2020 ба охир мерасад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар", ректори донишгоҳи мазкур Тоҳир Хоҷазода зимни нишасти матбуотии рӯзи 20 июл дар ин робита изҳор доштааст, ки мактаби нав барои таҳсили 1200 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои толибилмону омӯзгорон таъмин хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон барои фаъолияти мактаб дар маркази шаҳр бинои муваққатӣ дода шудааст.

“Тибқи қародод бо ҳукумати Маскав донишгоҳ соли 2019 барои мактаб 3 озмоишгоҳ дастрас намуда, дар бораи таъмини муассиса бо китобҳои дарсӣ ва асбобу лавозимоти хониш гуфтушунидҳо ҷараён доранд”, – гуфтааст ӯ.

Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода  сохтмони 5 мактаби таҳсилашон бо забони русӣ оғоз мегардад, ки ҳар кадоме аз онҳо барои таҳсили 1200 нафар пешбинӣ шудааст.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 26 мактаби таҳсилоташон бо забони русӣ, инчунин 158 мактаби таҳсилоташон омехта, ки синфҳои русӣ низ доранд, амал мекунанд. Дар Тҷикистон ба сурати умум беш аз 85 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсилот ба забони русӣ фаро гирифта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.