Дар Ӯзбекистон сабук кардани карантин оғоз мегардад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоии худ 12 август гуфтааст, дар кишвар қоидаҳои карантин сабуктар мегардад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон аз 15 август ба ҳаракати рӯзонаи воситаҳои нақлиёт иҷозат дода шуда, парвозҳо ва равуои дохилии қатораҳо аз сар гирифта мешавад. Гуфта мешавад, истироҳатгоҳ, меҳмонсарой, осорхона, кошонаҳои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоии худ 12 август гуфтааст, дар кишвар қоидаҳои карантин сабуктар мегардад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон аз 15 август ба ҳаракати рӯзонаи воситаҳои нақлиёт иҷозат дода шуда, парвозҳо ва равуои дохилии қатораҳо аз сар гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, истироҳатгоҳ, меҳмонсарой, осорхона, кошонаҳои ҳусну сартарошхона ва маконҳои ғизои умумӣ дар фазои кушод боз дубора ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Ба баргузории ҷашнҳои хонаводагӣ низ бо иштироки на бештар аз 30 нафар ва бо риояи талаботи ҷорӣ иҷозат дода мешавад.

Интизор меравад, ба равуои воситаҳои нақлиёт миёни минтақаҳои Ӯзбекистон аз 17 август иҷозат шавад.

Бозорҳои либоса ва масолеҳи сохтмонӣ, марказҳои бузурги савдо, толорҳои варзишӣ ва ҳавзҳо аз 20 август дарҳои худро дубора боз мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.