БМТ гуфтушунидҳоро оид ба ҷалби қарзи имтиёзноки ХБА аз сар гирифт

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) гуфтушунидҳоро дар мавриди ҷалби қарзи имтиёзноки Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар доираи Барномаи Механизми васеи қарздиҳӣ барқарор намуд. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, музокироти навбатии намояндагии виртуалии ҳайати ХБА таҳти сарварии хонум Падамжа Ханделвал бо Бонки миллӣ 18 август оғоз гардида, то 3 сентябри ҳамин сол идома меёбанд. Муовини якуми […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) гуфтушунидҳоро дар мавриди ҷалби қарзи имтиёзноки Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар доираи Барномаи Механизми васеи қарздиҳӣ барқарор намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, музокироти навбатии намояндагии виртуалии ҳайати ХБА таҳти сарварии хонум Падамжа Ханделвал бо Бонки миллӣ 18 август оғоз гардида, то 3 сентябри ҳамин сол идома меёбанд.

Муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев намояндагони Хазинаро бо шарҳи мухтасари вазъи имрӯзаи макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ шинос кард.

Гуфта мешавад, Падамжа Ханделвал ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ як қатор тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуд.

Қаблан аввали соли равон Ҷамолиддин Нуралиев ба намояндагони матбуот хабар дода буд, ки аксарияти шартҳои пешакии Хазина аллакай иҷро шуда, айни замон масъалаи барқарор намудани Барномаи Механизми васеи қарздиҳӣ баррасӣ мешавад.

Раҳбарияти БМТ изҳор дошт, ки истифодаи қарзи имтиёзноки Хазина барои дастгирии буҷет, боло бурдани рейтинги кишвар ва дигар самтҳо, ки минбаъд ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунанд, дар назар аст.

Сафари охири ҳайати ХБА ба Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он намояндагони Хазина изҳор доштанд, ки бо ҳукумати кишвар дар робитаи зич хоҳанд буд, то ки дар пешбурди дастгирии молиявии ҷумҳурӣ мусоидат намоянд.

Муҳлати амали барномаи пешини сесола, ки дар чаҳорчӯби он аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарз ҷудо гардид, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида буд.

Гуфтушунидҳо бобати ба Тоҷикистон додани қарзи имтиёзнок дар доираи барномаи нави ХБА ҷандин сол инҷониб ҷараён доранд. Нахуст дар чаҳорчӯби ин барнома ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 500 млн доллар қарзи имтиёзнок гирифтанӣ буд. Баъдан дар бораи 300 млн доллар сухан мерафт.

Ёдовар мешавем, ки Хазинаи байнулмилалии асъор рӯзи 6-уми май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард. Он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.