Шаҳритус: марди 51-сола маъшуқи собиқ ҳамсарашро кушт

Як сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар куштори маъшуқи собиқ ҳамсараш дастгир карда шудааст. Тибқи иттилои ВКД, як сокини 51-солаи Шаҳритус, ки қаблан бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҷинояти дар боло зикршуда гумонбар дониста мешавад. Гуфта мешавад, гумонбаршуда рӯзи 19 августи соли […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар куштори маъшуқи собиқ ҳамсараш дастгир карда шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, як сокини 51-солаи Шаҳритус, ки қаблан бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҷинояти дар боло зикршуда гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда рӯзи 19 августи соли равон, бегоҳирӯзӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, ҷавонзани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Назарови ноҳияи мазкур омада дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Холматови ҳамин ноҳия муносибати маҳрамона дорад.

Гумонбаршаванда аз ҳолати мастии ӯ истифода бурда, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани марди 52-сола зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст. Сипас, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4-маротиба ва зани 30-солаи сокини шаҳри Норакро, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3-маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст. Дар натиҷа занҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.