Роҳиоҳанчиёни тоҷик дар боркашонии содиротӣ ба Русия имтиёз дархост карданд

Масъалаи мазкур 19 август дар гуфтушуниди намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков бо муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода ва сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалиев баррасӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва савдои Русия, зимни вохӯрӣ масъалаҳои аз ҷониби Тоҷикистон дастрас шудани технкаи роҳи оҳан, вагонҳои инноватсионии боркашу мусофирбар […]

Масъалаи мазкур 19 август дар гуфтушуниди намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков бо муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода ва сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалиев баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва савдои Русия, зимни вохӯрӣ масъалаҳои аз ҷониби Тоҷикистон дастрас шудани технкаи роҳи оҳан, вагонҳои инноватсионии боркашу мусофирбар ва махсус, инчунин таҷҳизоту асбоби зарурӣ барои хизматрасонии онҳо, ки дар Русия истеҳсол шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

“Ғайр аз ин, ҷонибҳо ба масъалаи имкони пешниҳоди имтиёзоти иловагӣ ба роҳиоҳанчиёни тоҷик дар боркашонии маҳсулот ба Русия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд”,  – қайд мешавад дар хабар.

Ба гуфтаи Евгений Коренков, дастрасии Тоҷикистон ба маҳсулоти мошинсозии роҳи оҳани истеҳсоли Русия ҷиҳати роҳ ёфтан ба сатҳи нави ҳамкорӣ дар таҷдиди соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.

“Ин дар навбати худ, ба роҳандозии боркашонии содиротии мунтазами маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои минтақаи Осиё, ИДМ, аз ҷумла Русия имкон медиҳад”, – илова кардааст Коренков.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.