Тарифҳои нави равуо дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нави роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе – автобусу троллейбусҳо қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, билети нимсолаи равуо дар нақлиёти ҷамъиятӣ барои хонандагони мактабҳо 150 сомонӣ, донишҷӯён – 200 сомонӣ ва дигар шаҳрвандон – 300 сомонӣ муқаррар шудааст. Билети яксолаи […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нави роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе – автобусу троллейбусҳо қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, билети нимсолаи равуо дар нақлиёти ҷамъиятӣ барои хонандагони мактабҳо 150 сомонӣ, донишҷӯён – 200 сомонӣ ва дигар шаҳрвандон – 300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Билети яксолаи истифода аз ин навъи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт мутаносибан 200, 300 ва 500 сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарифҳои «Нимсола» ва «Солона» ихтиёрӣ мебошад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 марти соли 2018 дар Душанбе корти ягонаи Cityсard амал мекунад. Ин кортро дар терминал ва фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе харидан мумкин аст.

Нархи ҳадди ақали корти пластикии Citycard ба 7 сомонӣ баробар аст: 4 сомонӣ арзиши худи корт буда, маблағи боқимонда ба тавозуни корт мегузарад ва барои пардохти роҳкиро дар нақлиёт пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин тариқи терминалҳои ширкати Express Pay ба тавозуни корт метавон маблағ гузаронид.

Барои мусофироне, ки роҳкиро дар автобусу троллейбусҳоро тавассути экспресс корт (QR-Kod) пардохт мекунанд, тахфифҳо (камшавии нарх) пешбинӣ шудааст: барои донишҷӯёне, ки корти дорои беш аз 50 нишаст (равуо)-ро мегиранд, 30% тахфиф ва барои дигар мусофирон – 15% тахфифҳо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.