Ҳисоботи чанде аз раисони шаҳру навоҳӣ ба президент дар бораи ҷамъоварии ҳосил

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 август тариқи телефон ҳисоботи раисони шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Нурободро қабул кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвраи давлат, раисони шаҳру навоҳӣ оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка ва омодагии бахшҳои иқтисоди миллӣ ба давраи тирамоҳу зимистони имсола ҳисобот […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 август тариқи телефон ҳисоботи раисони шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Нурободро қабул кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвраи давлат, раисони шаҳру навоҳӣ оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка ва омодагии бахшҳои иқтисоди миллӣ ба давраи тирамоҳу зимистони имсола ҳисобот доданд.

Гуфта мешавад, президент ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хӯрокворӣ барои зимистон, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва захираи тухмии картошка барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин доир ба тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, аз ҳозир омода кардани соҳаҳои иҷтимоии мамлакат, бахусус маорифу тандурустӣ ба давраи зимистон ва таъмини саривақтии маошу нафақа супоришҳо дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.