Дарёфти ҷасади зани бо аҳли оилааш дар ноҳияи Айнӣ ғарқшуда

Пас аз ҷустуҷӯҳои дуҳафтаина шоми 31-уми август наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Зарафшон ҷасади Гулҳавас Шоҳмирзоева 33-соларо аз ҳудуди маркази ноҳияи Айнӣ, соҳили дарёи Зарафшон мавзеъи зеристгоҳи барқӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷустуҷӯи се ҷасади дигар аҳли ин оила идома дорад. Ёдрас мекунем, ки […]

Asia-Plus

Пас аз ҷустуҷӯҳои дуҳафтаина шоми 31-уми август наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Зарафшон ҷасади Гулҳавас Шоҳмирзоева 33-соларо аз ҳудуди маркази ноҳияи Айнӣ, соҳили дарёи Зарафшон мавзеъи зеристгоҳи барқӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷустуҷӯи се ҷасади дигар аҳли ин оила идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 14 август 4 нафар сокинони деҳаи Махшевад, дар мавзеъи Куруни Сиёҳи ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур бо заврақи худсохт аз болои дарёи Искандар дар об ғарқ шуданд.

Он замон 4 тан аз аҳли оила: Исмоил Шоҳмирзоеви 61-сола, духтарӣ ӯ – Гулҳавас Шоҳмирзоеваи 33-сола, келини хонадон – Наврӯзмо Пироваи 30-сола ва набераи 2-солаи оила Пурдил Наврӯзов ғарқ шуданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо либос ё лавозимоти наҷот аз об ҳангоми ғарқшавӣ надоштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.