Барои аз офат осебдидагони Хуросон маҳаллаи нав сохта шуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 1 сентябр дар маросими анҷоми сохтмони маҳаллаи нави аҳолинишин барои сокинони аз сел дар моҳи май осебдидаи ноҳияи Хуросон иштирок кард. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бо ҳузури сарвазир 67 манзили пурра сохтмонаш анҷомёфта ба истифода дода шуд. Бо пешниҳоди сарвазир […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 1 сентябр дар маросими анҷоми сохтмони маҳаллаи нави аҳолинишин барои сокинони аз сел дар моҳи май осебдидаи ноҳияи Хуросон иштирок кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бо ҳузури сарвазир 67 манзили пурра сохтмонаш анҷомёфта ба истифода дода шуд.

Бо пешниҳоди сарвазир тасмим гирифта шуд, ки  ба маҳаллаи аҳолинишини бунёдгардида “30-солагии Истиқлолияти давлатӣ”-и ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ном гузошта шавад.

Дар биноҳои сартарошхона, маркази савдо ва дорухонаи маҳаллаи аҳолинишини нав баъзе корҳои майда-чуйдаи сохтмон то ҳол идома доранд.

Дар ин ҷо 1,4 километр роҳ мумфаршу барои таъмини аҳолӣ бо об 18 чоҳ канда шудааст. Инчунин 2 трансформатор насб шуда, барои интиқоли барқ 83 адад симчӯб гузошта шудааст.

Қоҳир Расулзода қайд кард, ки дарҳол пас аз сели харобиовар корҳои сохтмони манзилҳои нав барои осебдидагон дар ҷойи нав оғоз ва дар фурсати хеле кӯтоҳ бо сатҳи баланд ба охир расид ва имрӯз соҳибони хонаҳо бо ҳама асбобу лавозимоти рӯзгор таъминанд.

Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дирӯз ба аҳолии осебдида кӯрпаву болишт ва дигар асбобу лавозимоти рӯзгор дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки 14 майи соли равон бар асари омадани сел дар ноҳияи Хуросон даҳҳо манзили сокинон зери обу лойқа монд. Аз ҳама бештар сокинони деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Ҳалқаҷар осеб дида, бар асари ин офати табиӣ 2 тан аз сокинони маҳаллӣ ҳалок шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.