Рустами Эмомалӣ ба шинонидани 13 млн дарахту бутта ва гулҳо дар Душанбе дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар давраи тирамоҳу баҳору солҳои 2020-2021 корҳои шинонидану дарахту бутта ва гулҳоро дар шаҳр ба роҳ монанд. Мувофиқи қарори раиси пойтахт, тирамоҳи соли ҷорӣ ва баҳори соли оянда дар қаламрави шаҳр ҳамагӣ беш аз 13 млн дарахтону бутта ва гулҳои гуногун шинонида мешаванд. Тавре […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар давраи тирамоҳу баҳору солҳои 2020-2021 корҳои шинонидану дарахту бутта ва гулҳоро дар шаҳр ба роҳ монанд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт, тирамоҳи соли ҷорӣ ва баҳори соли оянда дар қаламрави шаҳр ҳамагӣ беш аз 13 млн дарахтону бутта ва гулҳои гуногун шинонида мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар дод, дар ин давра дар пойтахти Тоҷикистон бояд зиёда аз 64 ҳазор ниҳоли дарахтони гуногун, инчунин ҳудуди 12,5 млн кӯчати буттаву гулҳо шинонида шаванд.

Гуфта мешавад, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, бояд дар гирду атрофи мавзеи худ шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар ин давра ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.