Тоҷикистон марзҳояшро барои донишҷӯёни Афғонистон боз кард

Тоҷикистон марзҳояшро барои донишҷӯён ва дигар муҳассилини Афғонистон, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, боз мекунад. Ин нуктаро сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар дирӯз дар як маросими ин сафорат барои таҷлил аз “Ҳафтаи шаҳид”  ба хотири гиромидошти  солгарди марги Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, баён дошт. Ба гуфти Ағбар, Тоҷикистон зимни як тавофуқ […]

Тоҷикистон марзҳояшро барои донишҷӯён ва дигар муҳассилини Афғонистон, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, боз мекунад. Ин нуктаро сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар дирӯз дар як маросими ин сафорат барои таҷлил аз “Ҳафтаи шаҳид”  ба хотири гиромидошти  солгарди марги Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, баён дошт.

Ба гуфти Ағбар, Тоҷикистон зимни як тавофуқ барои вуруди донишҷӯён ва дигар муҳассилини Афғонистон сар аз 24-уми сентябр иҷоза медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам ин хабарро таъйид мекунад ва мегӯяд, ки дар воқеъ чунин як дастур содир шудааст. Як манбаъ аз  Раёсати иттилоот ва матбуоти ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки тибқи тавофуқи ҳосилшуда муҳассилини Афғонистон бо риояи тамоми талаботи беҳдоштӣ ва қоидаҳои пешгирӣ аз коронавиурс вориди Тоҷикистон мешаванд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷузъиёти вуруди муҳассилини Афғонистонро Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон мушаххас мекунад.

Сухангӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, ки муҳассилини Афғонистон мувофиқи қоидаҳое, ки Ситод муқаррар кардааст, вориди Тоҷикистон мешаванд.

“Ҳамаи онҳо тест мешаванд, дар сурати ошкор шудани беморӣ ё аломатҳои беморӣ, қарантин карда мешаванд”,-гуфт Эмомалӣ Мирзоев.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 шаҳрванди Афғонистон дар риштаҳои гуногун таҳсил мекунанд, ки 195 нафари онҳо мунтазири баргашт ба Тоҷикистонанд. 

Тоҷикистон дар пайи шуйуъи вируси куруно 16 март марзҳояшро ба рӯйи Афғонистон баста буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.