Даргузашти муовини сардори Раёсати ВКД дар Хатлон

Шаби гузашта муовини сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковники милитсия Шамсулло Абдуллозода дар синни 47-солагӣ аз олам даргузашт. Дар РВКД дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Шамсулло Абдуллозода аз бемории диабети қанд азият мекашид. “Полковник Шамсулло Абдуллозода аз бемории қанд азият кашида, дирӯз сатҳи қанд дар хунаш якбора баланд шуд ва […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Шаби гузашта муовини сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон полковники милитсия Шамсулло Абдуллозода дар синни 47-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар РВКД дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Шамсулло Абдуллозода аз бемории диабети қанд азият мекашид.

“Полковник Шамсулло Абдуллозода аз бемории қанд азият кашида, дирӯз сатҳи қанд дар хунаш якбора баланд шуд ва ба маргаш боис гардид”, – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигар дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки Абдуллозода он ҷо истиқомат мекард, ба шарти ифшо нашудани ному насабаш изҳор дошт, ки  Шамсулло Абдуллозода чанде пеш ба бемории илтиҳоби шуш низ гирифтор шудаааст.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки тақрибан як ҳафта пеш хоҳари полковник низ даргузашта, лекин дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе хабар дода нашуда буд.

Шамсулло Абдуллозода солҳои охир дар вазифаҳои раҳбарии ВКД кор мекард. Ӯ ба ҳайси муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар влояти Хатлон, намояндаи ВКД Тоҷикистон дар Русия ва муовини сардори РВКД дар Хатлон фаъолият кардааст.

Ёдрас мекунем, ки Шамсулло Абдуллозода бародари директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозода ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдулло Файзулло мебошад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.