Қадрдонии ҷавононе, ки духтари 17-соларо дар Суғд аз марг наҷот доданд

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, ки як духтари 17-соларо аз худкушӣ раҳониданд, бо сипоснома қадрдонӣ шудаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, наҷотдиҳандагон Сӯҳроб Мирзоев  ва Баҳриддин Шарипов барои хизмати софдилона, саҳми арзанда гузоштан дар пешгирӣ аз ҳодисаи нохуши ғарқшавӣ, наҷот додани духтари 17-сола  аз ҷониби сардори Бахши хуҷандии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд подполковник Мирзораҳим Абдуллоев […]

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, ки як духтари 17-соларо аз худкушӣ раҳониданд, бо сипоснома қадрдонӣ шудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, наҷотдиҳандагон Сӯҳроб Мирзоев  ва Баҳриддин Шарипов барои хизмати софдилона, саҳми арзанда гузоштан дар пешгирӣ аз ҳодисаи нохуши ғарқшавӣ, наҷот додани духтари 17-сола  аз ҷониби сардори Бахши хуҷандии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд подполковник Мирзораҳим Абдуллоев бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки Сӯҳроб Мирзоев донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буда, шарики ӯ дар наҷоти ин духтар Баҳриддин Шарипов низ сокини шаҳр буда, муваққатан бекор аст. Ёдрас мешавем, ки духтари 17-сола, сокини деҳаи Чоруқдаррони шаҳри Гулистон буда, худро аз болои пул дар шаҳри Хуҷанд ба Сирдарё партофтааст.

“Наҷотдиҳандагони Раёсат ӯро аз об берун ва ба соҳил бароварда, кумаки зарурӣ расониданд”, – гуфта мешавад дар хабарнома. Ба шаҳрванд ёрии аввалини тиббӣ расонида шуда, баъдан ба кормандони ёрии таъҷилӣ  супорида шуд. Ҳангоми сӯҳбат муайян гардид, ки бо сабабҳои вазъи оилавӣ (муноқиша дар оила) мехост худкушӣ кунад.

Ба иттилои манбаъ, бистарӣ шудан дар бемористонро духтар рад кардааст.

Аз аввали соли равон ин 6-умин ҳодисаи қасди ҷон аст, ки бо талоши имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд наҷот дода мешаванд. Аз ин пештар 3 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд (яке ноболиғ 12-сола), 1 нафар сокини шаҳри Бӯстон ва 1 нафари дигар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қасд доштанд даст аз ҳаёт бишӯянд, сари вақт наҷот дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.