Сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон пагоҳ боз мешавад

Ӯзбекистон дар баробари дигар кишварҳо пагоҳ, 1 октябр бо риояи карантин ва қоидаҳои санитариву гигиенӣ сарҳаҳояшро бо Тоҷикистон низ боз мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Нисбат ба шахсоне, ки ба қаламрави Ӯзбекистон тариқи постгоҳҳои назоратии автомобилӣ ва пиёдагардӣ ворид мешаванд, шартҳои “кишварҳои сурх” истифода мешаванд, яъне онҳо танҳо дар сурати […]

Ӯзбекистон дар баробари дигар кишварҳо пагоҳ, 1 октябр бо риояи карантин ва қоидаҳои санитариву гигиенӣ сарҳаҳояшро бо Тоҷикистон низ боз мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Нисбат ба шахсоне, ки ба қаламрави Ӯзбекистон тариқи постгоҳҳои назоратии автомобилӣ ва пиёдагардӣ ворид мешаванд, шартҳои “кишварҳои сурх” истифода мешаванд, яъне онҳо танҳо дар сурати бо худ доштани тести натиҷааш манфии коронавирус, ки муддати 72 соати охир то вуруд гирифта шудааст,  ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода мешаванд.

Ғайр аз ин, дар ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ дар сарҳади ҳар ду кишвар озмоишгоҳҳое фаъолият мекунанд, ки дар онҳо аз ҳисоби худ метавон тест супурд. Арзиши супурдани тест ҳудуди 20 долларро ташкил медиҳад.

Ба гузаштан тариқи сарҳад ба шахсоне, ки дар онҳо сироятёбӣ аз коронавирус ошкор карда мешавад, иҷоза дода намешавад.

Шахсоне, ки дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус маълумотномаи тиббӣ доранду он на дертар аз се шабонарӯз то вуруд дода шудааст, дар сарҳад тест намесупоранд.

Мувофиқи шартҳо барои кишварҳои “минтақаи сурх”, ба шахсоне, ки ба Ӯзбекистон тариқи постгоҳҳои назоратии автомобилӣ ва пиёдагардӣ ворид мешаванд, гузаштан аз карантини 14-рӯза дар меҳмонхона ё хона зарур аст.

Ба гуфтаи манбаъ, масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазами ҳавопаймо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.