Натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон беэътибор эълон шуд

Натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябри Қирғизистон беэътибор эълон шуданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ дар такя ба иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Қирғизистон Алмамбет Шикмаматов. Ҳамчунин ба гузориши ин расона Омурбек Суваналиев номзад ба мақоми вакилии порлумони Қирғизистон аз Ҳизби "Бутун Қирғизистон" гуфтааст, ки “дар робита ба ҳаводиси ахири кишвараш фаъолияти ниҳодҳои қудратиро ҳамоҳанг хоҳад кард”. […]

Asia-Plus

Натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябри Қирғизистон беэътибор эълон шуданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ дар такя ба иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Қирғизистон Алмамбет Шикмаматов. Ҳамчунин ба гузориши ин расона Омурбек Суваналиев номзад ба мақоми вакилии порлумони Қирғизистон аз Ҳизби "Бутун Қирғизистон" гуфтааст, ки “дар робита ба ҳаводиси ахири кишвараш фаъолияти ниҳодҳои қудратиро ҳамоҳанг хоҳад кард”.

Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҳам субҳи имрӯз дар як изҳороташ гуфта буд, ки “ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод кардааст, ки ҳамаи мавридҳои тақаллубро таҳқиқ кунан ва дар сурати зарурат натиҷаҳои интихоботро беэътибор эълон кунанд”.

Аз дирӯз то кунун ба навиштаи Kaktus.media бар пайи эътирозҳо Алмосбек Ҳотамбоев, раисҷумҳури пешин аз боздоштгоҳи КДАМ, сарвазири собиқ Сафар Исҳоқов аз маҳбас, сиёсатмадори мухолиф Равшан Жээнбеков аз боздоштгоҳи рақами 1-и Бишкек озод карда шудаанд.

Рӯзи Душанбе дар Бишкек, дар майдони Ала-Тоо ҳудуди 2 ҳазор нафар ҷонибдорони ҳизбҳое, ки ба порлумон роҳ наёфтанд ҷамъ омада буданд. Онҳо талаб доштанд, ки натиҷаҳои интихобот бекор ва раъйдиҳии такрории интихоботи маҷлиси қонунгузорӣ гузаронида шавад. Шоми душанбе зимни талошҳои пароканда кардани эътирозгарон миёни онҳо ва неруҳои ҳифзи ҳуқуқ бархӯрд сурат гирифт. Шаби душанбе ба сешанбе эътирозгарон ба бинои Қасри сафед, ки онҷо порлумон ва маъмурияти президенти Қирғизистон қарор дорад, ворид шуданд. Баъдан ба сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рафатан ва раисҷумҳури собиқ Алмосбек Ҳотамбоевро аз ҳабс озод карданд.

Интихоботи порлумонии Қирғизистон 4 октябр баргузор шуд. Ҳузури раъйдиҳандагон дар он 56,5% гуфта мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ, ба порлумон 4 ҳизб роҳ ёфтаанд: "Биримдик" ("Ваҳдат", ҳизби ҷонибдори ҳукумат) бо 24,52% раъй, "Мекеним Қирғизистон" ("Қирғизистони азизам", ҳизби ҷонибдори ҳукумат) бо 23,89%, раъй, "Қирғизистон"(ҳизби марказгаро) бо 8,73% раъй ва "Бутун Қирғизистон" ("Қирғизистони ягона ", ҳизби марказгаро) бо 7,11%раъй. Ҳизбои боқимонда натавонистон сади ҳафтдарсадиро убур кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.