Пулиси Душанбе 51 ронандаро боздошт кардааст

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 51 ронандаи воситаҳои нақлиёти боркашониро барои риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе  чиҳати риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ нисбат ба 51 ронандаи автомашинаҳои боркашонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба мақомотҳои дахлдор ирсол гардиданд. Илова бар ин […]

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 51 ронандаи воситаҳои нақлиёти боркашониро барои риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе  чиҳати риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ нисбат ба 51 ронандаи автомашинаҳои боркашонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба мақомотҳои дахлдор ирсол гардиданд.

Илова бар ин ба роҳбарони 7 иншооти сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна низ аз ҷониби кормандони БДА барои бартараф намудани камбудиҳо амрномаҳо супорида шудуааст.

Аз ҷумла ба роҳбари бинои баландошёна ҶДММ «Каюмарс – Сохтмон» барои эҷод намудани монеа сунъӣ, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт,  ҶДММ «Муҳаммадҷон 1997», барои ташкил накардани нуқтаи шустушӯи салачархҳои воситаҳои нақлиёти боркаш, ҶДММ «Масъуд 2010» барои ба вуҷуд овардани монеъаи сунъӣ дар қисми мошингарди роҳ ва нагузоштани аломати роҳ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, ҶДММ «Баҳор 97» барои худсарона маҳкам кардани роҳи пиёдагузар тавассути панҷараҳои оҳанин ва ташкил накардани нуқтаи шустушуи воситаҳои нақлиёт.

Инчунин ба роҳбарони бинои ҶДММ «Бухоро палас» барои бе иҷозати мақомоти дахлдор худсарона ташкил намудани даромадгоҳ барои воситаҳои нақлиётӣ ва ба роҳбари ҶДММ «Акбар-текстил», бе иҷозати мақомотҳои дахлдор маҳкам кардани таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва корношоям гардонидани роҳи пиёдагард дар назди даромадгоҳи сохтмони бинои баландошёна, ба ҳамаи ширкатҳои номбаршуда ҷиҳати ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида амрномаҳои БДА супорида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.