Ёрии 8-ҳазордолларии CDC-и Амрико ба пажуҳишгоҳи илмӣ дар Душанбе

Дафтари Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC / CAR) дар Осиёи Марказӣ Рӯзи 2-юми октябр ба Институти ҷумҳуриявии илмиву тадқиқотии тибби пешгирикунанда дар Тоҷикистон ба маблағи 8,356 доллар маводи зарурӣ тақдим кард. Маводи интиқолёфта барои санҷиши COVID-19 истифода бурда мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ, CDC барои дастгирии Тоҷикистон дар […]

Дафтари Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC / CAR) дар Осиёи Марказӣ Рӯзи 2-юми октябр ба Институти ҷумҳуриявии илмиву тадқиқотии тибби пешгирикунанда дар Тоҷикистон ба маблағи 8,356 доллар маводи зарурӣ тақдим кард. Маводи интиқолёфта барои санҷиши COVID-19 истифода бурда мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ, CDC барои дастгирии Тоҷикистон дар мубориза бо эпидемияи COVID-19 1,69 миллион доллар ҷудо кардааст.

“Мо ҳукуматҳои чаҳор кишвари Осиёи Марказиро тавассути пешниҳоди таҷрибаи техникӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ва хариди таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ дастгирӣ мекунем. Кори имрӯзаи, мо вобаста ба пешгирии COVID-19, ба ӯҳдадориҳои деринаи CDC дар мубориза бо ВНМО, сил, зуком ва дигар намудҳои пандемия дар минтақа, такя мекунад”- иброз намуд, директори CDC дар Осиёи Марказӣ Дэниел Сингер.

Соли равон ба таъсисёбии дафтари CDC дар Осиёи Марказӣ 25 сол пур мешавад. Аввалин дафтари CDC дар минтақа соли 1995, дар Алмаато кушода шуда, имрӯз кормандони агентӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кор мекунанд. Онҳо вазоратҳои тандурустиро дар таълими кормандони соҳаи тандурустӣ, таҳкими системаи тандурустӣ ва вокуниш ба эпидемияи COVID-19, ВНМО, сил ва дигар бемориҳои сироятӣ дастгирӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.