Бахши сайёҳии Тоҷикистон чӣ аҳвол дорад?

Дар саросари ҷаҳон бахши сайёҳӣ аввалин шуда зарбаи пандемияро қабул кард. Тоҷикистон ҳам истисно набуда, сарҳадҳо баставу меҳмонхонаҳо холӣ ва хатсайрҳои сайёҳӣ бе одам монданд. Тайи чанд соли охири ҳукумати Тоҷикистон фаъолона ба рушди сайёҳӣ талош варзида, соли 2018 ва се соли минбаъда солҳои руши афзалиятноки сайёҳӣ эълон шуданд. Қонуни нав дар ин соҳа қабул […]

Дар саросари ҷаҳон бахши сайёҳӣ аввалин шуда зарбаи пандемияро қабул кард. Тоҷикистон ҳам истисно набуда, сарҳадҳо баставу меҳмонхонаҳо холӣ ва хатсайрҳои сайёҳӣ бе одам монданд.

Тайи чанд соли охири ҳукумати Тоҷикистон фаъолона ба рушди сайёҳӣ талош варзида, соли 2018 ва се соли минбаъда солҳои руши афзалиятноки сайёҳӣ эълон шуданд. Қонуни нав дар ин соҳа қабул шуда, милитсияи сайёҳӣ ба кор оғоз намуд, ба иншооти сайёҳӣ баъзе имтиёзҳо дода шуда, шумори сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо афзуд.

Вобаста ба ин номгӯи маҳсулот ва хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ зиёд шуда, соли 2019 шумори ширкатҳои сайёҳии ватанӣ то 160 адад расид.

Пандемия дастовардҳои солҳои охирро дар ин соҳа ба сифр расонид. Сарҳадҳо баста шуда, боздиди сайёҳон аз ҷумҳурии мо ба охир расид. Бисёре аз ширкатҳои хурд фаъолияти худро муваққатан қатъ намуда, ширкатҳои бузургтар кӯшиш доранд, ки фаъолияташонро идома диҳанд. Аз кадом ҳисоб?

Умед ба сайёҳии дохилӣ

Айни замон ширкатҳо ба сайёҳии дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, лекин нисбат ба сайёҳони хориҷӣ тоҷикистониён пули камтар доранд, аз ин рӯ нархҳо ҳам поин рафтанд.

Ба гунаи мисол, ширкати сайёҳии “Саёҳати Ҳафткӯл” саёҳати дурӯза аз Душанбе ба кӯли Ҳафткӯл (кӯҳҳои Фон) ва Саразм (Панҷакент)-ро бо маблағи ҳамагӣ 400 сомонӣ пешниҳод мекунад. Соли гузашта барои саёҳат ба кӯли Темур-Дара 400 сомонӣ ва бештар аз он маблағ мегирифтанд. Имсол “Матин Тревел” саёҳат барои 1 нафарро бо 190 сомонӣ пешниҳод мекунад. Саёҳати якрӯза ба Искандаркӯл 160 сомонӣ нарх дорад. Сафар бо машғулиятҳо дар табиат ва нигораҳои сайёҳӣ аз 10 то 100 сомонӣ арзиш доранд, ки нисбат ба солҳои пешин хеле арзонтар аст.

Ба ҷуз саёҳату истироҳати маъмулӣ, ширкатҳои Тоҷикистон навъҳои нави хизматрасонӣ ба сайёҳонро пешниҳод мекунанд: трекинг, расмкашиву аксбардорӣ дар табиат, саёҳатҳои якрӯзаи арзон, машғулиятҳои пухтани таоми миллӣ, зиёрат-сайёҳӣ ва ғайра.

Нархҳо поин рафта, лекин мизоҷон каманд

Агар соли гузашта сафар ба Чилучорчашма, қалъаҳои Хуҷанд, Ҳисор, Ҳулбук, Қалъаи Муғ, макони муқаддаси Ҳазрати Султон Увайси Каронӣ, Чилдухтарон, шаҳраки қадимаи Саразм, осоишгоҳҳои Баҳористон, Зумрад, маҷмааи лижаронии Сафед-Дара писандидатарин хатсайрҳои сайёҳӣ буданд, пас имсол Қаратоғ, Ҳафткӯл, кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл, Ромит, Норак ва Гармчашма бешар миёни сайёҳони маҳаллӣ писандида аст.

Ширкати Sky Tour дар ҳамдастӣ бо “Рахш такси” лоиҳаи нав роҳандозӣ намуда, дар соҳили дарёчаи Саратоқ, каме дуртар аз Искандаркӯл мавзеи хаймаҳо сохт. Вобаста ба ҳаҷми хизматрасонӣ нархҳо аз 150 то 350 сомонӣ мебошанд.

Имсол аҳолии кишвар бештар ба сайёҳии табобатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Сайру саёҳат дар макони таърихӣ, истироҳати бофароғат ва дигар навъҳои хизматрасонии сайёҳӣ талабгори начандон зиёд доштанд.

Мардум аксаран ба Гармчашма, Обигарм, Хоҷа-Обигарм, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Баҳористон, Қаротоғ рафта, лекин бештар бе муроҷиат ба ширкатҳои сайёҳӣ мустақилона сафар карданд.

Пахтачинӣ меравем?   

Баҳри ҷалби бештари сайёҳон ширкатҳои «Чил Меҳроб», «Артуч», «Чимтарга Тревел», «Саёҳати кӯҳҳои Фон». «Ориент Адвентур», «Саёҳати кӯҳҳои Помир»,  «Пенджикент интур»,  «Саразм 5500», «Ҳафткӯл»,  «Зарафшон», «Зарафшон Маджестик Тревел», «Куҳандиз» саёҳатҳои чандинрӯза ба кӯҳҳои водии Зарафшон, қисмати кӯҳистони Хатлон, водии Рашт, Варзоб, Ромит ва Помирро пешниҳод менамоянд.

“Ҳамаи маҷмӯи хатсайрҳои зикршуда дар шакли китобча чоп шуда, аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ байни дӯстдорони сайру саёҳат дар Тоҷикистон тақсим карда мешавад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла қалъаҳои Ҳисор, Хуҷанд, шаҳраки қадимаи Сарзам, маҷмааи осорхонаҳои Кӯлоб, осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷмааи таърихиву фарҳангии Панҷрӯд, маҷмааи Ҳулбук, осоишгоҳҳои “Гармчашма”, “Ямчу” (Бибӣ Фоимаи Заҳро) ва ғайра васеъ тарғиб мешаванд.

Аввали сол эълон шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ният дорад агросайёҳиро ривоҷ диҳад. Ба сайёҳон сайру саёҳат ба ангурзору боғҳои гелос, зардолу, себ пешниҳод мешавад. Дар ин самт корҳо аллакай оғоз шудааст.

Ҳатто пешниҳодҳои иштирок дар ҷамъоварии ҳосили пахта низ садо доданд! Ҳукуматҳои маҳаллӣ сокинони шаҳрро ба замину боғҳои худ даъват мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр вақт метавон аксҳои боғу заминҳои киштро тамошо кард, ки аз ҷониби шуъбаҳои сайёҳии ноҳияҳо гузошта шудааст.

Чанде пеш Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо АМА боз намуда, акнун барқарор шудани парвозҳо бо Туркия дар навбат аст. Мо намедонем, ки парвозҳо ба дигар кишварҳо кай барқарор мешаванд, лекин умедворем, ки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ то рӯзҳои беҳтар фаъолияташонро қатъ намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.