Вокуниши вакили порлумон ба хориҷӣ хондани забони форсӣ дар Афғонистон

Хориҷӣ хондани забони форсӣ дар Афғонистон аз сӯйи Эҳсоияи марказии ин кишвар (Кумитаи омор) ҷанҷолбарангез шуд. Аз ҷумла, вакилони порлумони ин кишвар дар ҷаласаи порлумон бо хитоб ба дастандаркорони ин тақаллуб гуфтаанд, ки "ин орзуро ба гӯр хоҳед бурд" ва ин "забонест, ки бидуни он наметавонед аз бозор ду кило качолу (картошка) бихаред". Аз ҷумла вокуниши […]

Хориҷӣ хондани забони форсӣ дар Афғонистон аз сӯйи Эҳсоияи марказии ин кишвар (Кумитаи омор) ҷанҷолбарангез шуд. Аз ҷумла, вакилони порлумони ин кишвар дар ҷаласаи порлумон бо хитоб ба дастандаркорони ин тақаллуб гуфтаанд, ки "ин орзуро ба гӯр хоҳед бурд" ва ин "забонест, ки бидуни он наметавонед аз бозор ду кило качолу (картошка) бихаред".

Аз ҷумла вокуниши намояндаи мардуми Ҳирот дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон Ҳабибураҳмон Пидром ду-се рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳфоти маҷозӣ дасти ба даст мегардад.

Ҳабибураҳмони Пидром дар ин вокуниши худ, ки видеои онро бархе расонаҳои ин кишвар нашр кардаанд, мегӯяд, ки аз даҳҳо қарни гузашта то ба 100 соли пеш танҳо забони расмӣ, идорӣ ва илму адаби ин сарзамин форсӣ буд. 

"Ниятҳои бад ва зиддият бо форсиро ҳаргиз бар наметобем. Имрӯз дар ҳоле, ки болиғ бар 20 миллион форсизабони бумӣ дар ин сарзамин зиндагӣ мекунад, бархе аз мутаассибону кӯрдилони ҳукуматӣ густохиро ба ҳадде расонидаанд, ки забони ин 20 миллион нафарро хориҷӣ мехонанд".

Ин вакил дар хитоб бо ин гуна ашхос мегӯяд, ки "аз чӣ чизе ҳарос доред, чаро аз забони мо метарсед? Агар хоби ҳазфи забони форсиро дар каллаҳои хоми хеш мепарваронед, ин орзуро ба гӯр хоҳед бурд".

Пидром бо ёдоварӣ аз сухани нависандаи курд Мӯсо Ҳантар мегӯяд: "Агар забони модарии ман бунёдҳои ҳукумати туро ба ларза дар меоварад, эҳтимолан ин ба он маъност, ки ҳукумати хешро бар забони ман, хоки ман бунёд кардаӣ".

Идомаи эътирози пурсарусадои ин вакилро дар ин видео бибинед:

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.