Қисмати чапи Кохи президент дар Душанбе тахриб намешавад

Қисмати чапи бинои Кохи президенти Тоҷикистон, ки айни замон дар он шаҳрдории Душанбе фаъолият доранд, то анҷоми сохтмони бинои нави ҳукумати кишвар тахриб намешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз корҳои кӯчонидани қисмати рост ва марказии бино пурра ба анҷом расидааст. Зикр шуд, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Қисмати чапи бинои Кохи президенти Тоҷикистон, ки айни замон дар он шаҳрдории Душанбе фаъолият доранд, то анҷоми сохтмони бинои нави ҳукумати кишвар тахриб намешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз корҳои кӯчонидани қисмати рост ва марказии бино пурра ба анҷом расидааст.

Зикр шуд, ки дар ҷойи қисмати чапи бино пас аз анҷоми сохтмони тамоми маҷмаа боғи начандон бузург бунёд мегардад.

Сохтмони бинои нави ҳукумати Тоҷикистон бояд дар муддати ду сол ба итмом расонида шавад.

Тибқи маълумоти ҳукумат, Кохи президент дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.