Собиқ бинои Кохи президент қариб пурра тахриб шуд

Дар шаҳри Душанбе корҳои тахриби собиқ бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон, ки аз соли 1992 Кохи президент дониста мешуд, идома доранд. Қисмати рост ва асосии бино, ки дар маркази маҷмаа ҷойгир буд, аллакай тахриб шуда, дар ин ҷо сохтмони бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст. Аксбардори мо Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо ҷараёни корҳо, […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе корҳои тахриби собиқ бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон, ки аз соли 1992 Кохи президент дониста мешуд, идома доранд.

Қисмати рост ва асосии бино, ки дар маркази маҷмаа ҷойгир буд, аллакай тахриб шуда, дар ин ҷо сохтмони бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст.

Аксбардори мо Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо ҷараёни корҳо, аз ҷумла кори техникаи махсус дар ин ҷо шинос шуд.

Ин бино дар пойтахти Тоҷикистон соли 1957 қомат афрохт. Замони шӯравӣ ин ҷо Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон ҷойгир буд.

То замони ба бинои нав кӯчидан, муддати 25 сол дар ин ҷо дастгоҳи президент ва ҳукумат фаъолият мекарданд. Ахиран ин ҷо шаҳрдории Душанбе (бинои он ҳам тахриб шуд) ва Кумитаи сайёҳӣ ҷойгир буданд.

Кохи президент дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб (кӯчонида) мешавад.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон хабари вайрон шудани бинои дастгоҳи президент дар Душанбе вокуниш ба бор овард. Бархе аз шахсиятҳои шинохта мухолифи ин кор изҳори назар карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.