Вохӯрии раиси КДАМ Тоҷикистон бо вазири мудофиаи Афғонистон дар Кобул

Иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи Афғонистон Ассадулло Холид 10 сентябр бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ масоли ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва барқарор кардани сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуданд. “Ассадулло Холид ба намояндаи Тоҷикистон барои […]

Иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи Афғонистон Ассадулло Холид 10 сентябр бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ масоли ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва барқарор кардани сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.

“Ассадулло Холид ба намояндаи Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Афғонистон дар соҳаҳои гуногун изҳори миннатдорӣ намуда, зарурати идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаро таъкид кард”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Доир ба дигар ҷузъиёти гуфтушунид маълумот дода нашудааст.

Қаблан ҳукумати Тоҷикистон амали нангини террористиро бар зидди муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ шадидан маҳкум намуда буд.

“Ҳукумати Тоҷикистон амали нангини террористиро, ки субҳи 9 сентябри 2020 дар Кобул бар зидди муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сурат гирифта, дар натиҷаи он шуморе аз мардум ҷон бохтанд ва захмӣ шудаанд, шадидан маҳкум менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ба пайвандону наздикони қурбониёни амали террористӣ таъзия баён намуда, ба захмиён шифои комил орзу дорад”, – қайд мешавад дар изҳороти ҳукумати Тоҷикистон дар АМИТ “Ховар” ба нашр расидааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳамеша дар паҳлӯи Афғонистон буда, хоҳони барқарорсозии сулҳу оромии пойдор дар кишвари ҳамҷавор аст.

Бо истинод ба шабакаи телевизионии «1TV» зикр мегардад, ки, субҳи 9 сентябр дар шаҳри Кобул бар ҷони муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сӯиқасд ташкил гардида, бар асари он  на кам аз 10 нафар кушта ва 15 нафари дигар, аз ҷумла се нафар муҳофизони Амруллоҳ Солеҳ захмӣ гардиданд. Худи ӯ зарар надидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.