Парлумон ба гирифтани 200 млн қарзи дигар аз сӯйи ҳукумат мухолифат накард

Маблағи умумии ду қарз, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ дастрас мекунад, 200 млн долларро ташкил медиҳад. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи рӯзи 23 сентябр имзошударо оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 байни Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд тасдиқ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маблағи умумии ду қарз, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ дастрас мекунад, 200 млн долларро ташкил медиҳад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи рӯзи 23 сентябр имзошударо оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 байни Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд тасдиқ намуд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки қарзи имтиёзноки дастрасмешуда дар ҳаҷми  50 млн доллар ба рӯйпӯш намудани касри буҷети кишвар ва дастгирии бахши иҷтимоӣ равона мегардад.

Вакилони мардумӣ ҳамчунин якдилона ва бидуни баррасӣ Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблаѓгузории тиҷорат (ITFC)-ро тасдиқ карданд.

Дар доираи татбиқи ин созишнома Тоҷикистон муддати се соли наздик барои рушди тиҷорат ба маблағи 150 млн доллар қарз мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.