Рейдҳо дар Душанбе зидди таксиҳои ғайриқонунӣ фаъолиятдошта

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки нисбат ба таксиҳое, ки ғайриқонунӣ фаъолият доранд, тадбирҳо андешида шавад. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёт, сохторҳои вазорат уҳдадор шуданд, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳрдории Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне «таксиҳои 5-сомонӣ» ро дар шаҳр муайян намуда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд ва роҳеро бояд дарёфт […]

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки нисбат ба таксиҳое, ки ғайриқонунӣ фаъолият доранд, тадбирҳо андешида шавад.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёт, сохторҳои вазорат уҳдадор шуданд, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳрдории Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне «таксиҳои 5-сомонӣ» ро дар шаҳр муайян намуда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд ва роҳеро бояд дарёфт кард, ки бар зарари кор набошад.

Шаҳрдории пойтахт тасдиқ мекунад, ки чунин таксиҳо “бе ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатномавӣ кор карда, дар хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар равуо мекунанд ва илова бар ин, ба ҳаракат дар роҳ монеъа эҷод мекунанд”.

Дар маълумот қайд мешавад, ки дар ноҳияҳои шаҳр рейдҳои муштарак доир гардида, бо ронандаҳои ин намуди нақлиёт суҳбатҳо гузаронида шудааст.

“Аллакай пас аз корҳои фаҳмондадиҳӣ 6 нафар ронанда худихтиёрӣ ба ҷамъиятҳои мусофирбарии таксӣ шомил гардида, тариқи шартнома фаъолият мекунанд”, – омадааст дар хабари Вазорати нақлиёт.

Зикр мегардад, ки дар робита ба ин супориш ва ҳалли мушкилот масъулини соҳа аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёт, БДА, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ККВД «Душанбе нақлиётхадамотрасон» гуруҳи корӣ таъсис додаанд.

Қобили зикр аст, ки таксиҳои нахус “3 сомона” ва баъдан “5 сомона” ҳанӯз соли 2010 дар роҳҳои шаҳри Душанбе пайдо шуда, бинобар сабаби дастрасии тезтар ба хизматрасонӣ ва сарфаи вақт, байни мардум хеле зуд писандида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.