Парлумони Қирғизистон такроран сарвазири навро таъин кард

Дар қароргоҳи “Ало-Арча”-и ҳукумат имрӯз Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) Содир Жапаровро ба сифати сарвазир таъин ва инчунин сохтор, ҳайат ва барномаи ҳукуматро  тасдиқ намуд. Дар ин бора ВАО-и Қирғизистон хабар медиҳанд. Ба ҷонибдории номзадии Жапаров 83 нафар вакилоне, ки дар толори ҷаласа ҳузур доштанд, овоз доданд. Ҳайати парлумони ин кишвар ҳамагӣ аз 120 нафар вакилон […]

Дар қароргоҳи “Ало-Арча”-и ҳукумат имрӯз Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) Содир Жапаровро ба сифати сарвазир таъин ва инчунин сохтор, ҳайат ва барномаи ҳукуматро  тасдиқ намуд. Дар ин бора ВАО-и Қирғизистон хабар медиҳанд.

Ба ҷонибдории номзадии Жапаров 83 нафар вакилоне, ки дар толори ҷаласа ҳузур доштанд, овоз доданд. Ҳайати парлумони ин кишвар ҳамагӣ аз 120 нафар вакилон иборат аст.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аллакай дар бораи таъини Жапаров ба вазифаи сарвазир фармон ба имзо расонида, ҳайати ҳукумати навро тасдиқ кард.

Ба ҳайати нави ҳукумати Қирғизистон инчунин сиёсатмадори тоҷик Равшан Собиров низ шомил гардид. Ӯ ба вазифаи яке аз муовинони сарвазири Қирғизистон таъин шуд. Равшан Собиров раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон буда, қаблан ба ҳайси вазири рушди иҷтимоӣ фаъолият мекард.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, Жапаров изҳор доштааст, ки пагоҳ бо президенти Қирғизистон масъалаи истеъфои ӯро баррасӣ карданист.

Қобили зикр аст, ки парлумон рӯзи 6 октябр ҳайати нави ҳукуматро бо роҳбарии Жапаров тасдиқ карда буд. Аммо президент Жээнбеков қарор дар бораи тасдиқи ҳайат ва сохтори ҳукуматро ба парлумон баргардонида, изҳор дошт, ки ин қарор ғайриқонунист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.