Таъсиси мақоми ҳамоҳангсоз барои рушди ҳунармандӣ

Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳунармандӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон бо қарори ҳукумат охири моҳи сентябри соли ҷорӣ маъқул дониста шуд. Ҳамоҳангсозии фаъолияту вазорату идораҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳо дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ (косибӣ) аз ҷумла вазифаҳои Шӯро унвон мешавад. Ҳамчунин Шӯрои мазкур ба таҳияи пешниҳодҳо дар мавриди рушди ин соҳа машғул […]

Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳунармандӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон бо қарори ҳукумат охири моҳи сентябри соли ҷорӣ маъқул дониста шуд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияту вазорату идораҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳо дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ (косибӣ) аз ҷумла вазифаҳои Шӯро унвон мешавад. Ҳамчунин Шӯрои мазкур ба таҳияи пешниҳодҳо дар мавриди рушди ин соҳа машғул мешавад.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони вазорату идораҳо ва созмону ташкилотҳои машғул ба танзим ва рушди соҳа шомил гардида, Шӯроро муовини сарвазири ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад.

Бо мақсади дастгирии давлатии ҳунармнадону косибон солҳои 2019-2021 аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуд.

Дар ин росто ба ҳукумат дастур дода шуд, ки тариқи Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба ҳунармнадон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод гардида, инчунин фурӯши маҳсулоти онҳо аз пардохти ҳама навъҳои андоз озод карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.